Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёфти 22 кило маводи нашъадор дар Душанбе


Аз ҷониби кормандони мақомоти тоҷик як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки мехост маводи нашъадори дар ҳаҷми ниҳоят калонро бо роҳи қочоқ ба воситаи ҳудуди Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил интиқол диҳад, дастгир гардидааст. Тавре дар ин бора Умеда Юсупова, корманди дафтари матбуотии Ожонсии назорати маводи нашъадор рӯзи 6-уми ноябр хабар дод, ин шаҳрванд дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир шудааст. Ба гуфти манбаъ аз автомашинаи тамғаи «Toyota Corolla»-и сокини 39-солаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон 22 адад бастаҳои махсус бо навиштаҷоти арабӣ ороиш ва номгузорӣ шуда буданд пайдо гардидааст. Ташхиси криминалистӣ нишон додааст, ки маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи ҳашиш буда, вазни умумии он 22 килоро ташкил додааст. Ҳамзамон муайян карда шуд, ки дастгиршуда барои содир намудани ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор соли 2007 суд шуда буд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 қисми 4 кодекси ҷиноии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ё воситаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми ниҳоят калон) боз шудааст. Манбаъ айзуд айни замон аз ҷониби гурӯҳи тафтишотӣ-оперативии ожонсӣ барои ошкор намудан ва дастгир кардани дигар ҳаммаслакони ҷинояти мазкур чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
XS
SM
MD
LG