Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санаи баргузории Женева-2 мушаххас нашуд


Ахзар Иброҳимӣ
Ахзар Иброҳимӣ
СММ, Русия ва ИМА дар мавриди санаи баргузории конфаронси сулҳи Сурия дар Женева ба мувофиқа нарасиданд ва аммо умедворанд, ки ин нишаст то охири сол доир хоҳад шуд. Дар ин бора Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия, дар як нишасти хабарӣ баъд аз анҷоми музокирот оид ба таҳияи конфаронс хабар дод. Ӯ гуфт, ҳама умедвор буданд, ки дар бораи рӯзи баргузории нишасти Женева-2 созиш ҳосил мешавад.

Иброҳимӣ афзуд, ки бӯҳрони Сурия роҳҳалли низомӣ надорад ва онро фақат аз роҳи сиёсиву дипломатӣ метавон ҳаллу фасл намуд. Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки то рӯзҳои 22-23 ноябр мухолифини Сурия ҳайати худро барои ширкат дар конфаронси сулҳ мушаххас мекунанд.

Ахзар Иброҳимӣ рӯзи сешанбе бо муовинони вазири умури хориҷии Русия Геннадий Гатилов ва Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷии Амрико оид ба масоили сиёсӣ Вендӣ Шерман ва сафири ИМА дар Сурия Роберт Форд мулоқот кард. Дар мулоқоти пушти дарҳои баста ҳамчунин дипломатҳои се кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ - Чин, Фаронса ва Бритониё ва ҳамсояҳои Сурия – Ироқ, Урдун, Лубнон, Туркия ва Ҷомеъаи кишварҳои араб ҳузур доштанд.

Геннадий Гатилов баъд аз анҷоми музокирот дар сӯҳбат бо расонаҳои Русия сабаби ба созиш нарасидан дар робита ба санаи баргузории конфаронсро бо мавқеи Амрико марбут кард, ки бо вуҷуди пойфишории Маскав барои ба музокирот ҳамроҳ шудани Эрон розӣ нашуд.
XS
SM
MD
LG