Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 довталаб барои ду роҳхат ба лигаи олии футболи Тоҷикистон


Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе ба анҷом расид.

Аз минтақаи Душанбе дастаҳои «Саройкамар»-и Панҷ ва «Кӯктош+С»-и Рӯдакӣ ба даври ниманиҳоии мусобиқоти лигаи аввали Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Ҳарду даста 33-имтиёзӣ гирифтанд, вале аз рӯи натоиҷи бозиҳо миёни ҳарду «Саройкамар» мақоми аввал ва «Кӯктош+С» мақоми дувумро касб карданд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Саройкамар» (Панҷ) 14 10 3 1 41-11 33
2 «Кӯктош+С» (Рӯдакӣ) 14 10 3 1 29-13 33
3 «Нури Норак» (Норак) 14 6 4 4 20-20 22
4 РТСУ (Душанбе) 14 5 4 5 24-23 19
5 “Ҳулбук” (Восеъ) 14 5 1 8 18-29 16
6 «Ҳосилот» (Фархор) 14 4 2 8 20-23 14
7 «Бохтар» (Бохтар) 14 3 4 7 19-23 13
8 «Пахтакор» (Қубодиён) 14 2 1 11 11-40 7

Голзанҳои беҳтарин: Ҷонибек ҒАФФОРОВ («Саройкамар») – 15 тӯб, Комрон Турсунов (РТСУ) – 9 тӯб, Зоир ХОЛМАТОВ («Ҳулбук») – 8 тӯб.

Дар мусобиқаи лигаи аввал дар минтақаи Суғд новобаста аз натоиҷи бозиҳои боқимонда “Эсхата”-и Хуҷанд бо 46 имтиёз ғолиб гардид. Дастаи “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан, ки 42 имтиёз дорад, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш рӯзи 7-уми ноябр дар майдони худ бо “Зарафшон”-и Панҷакент, мақоми дувумро касб кард. Ҳамин тариқ, аз ин минтақа “Эсхата” ва “Далерон-Ӯротеппа” ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот роҳхат гирифтанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Эсхата» 18 15 1 2 53-11 46
2 «Далерон-Ӯротеппа» 17 13 3 1 64-10 42
3 «Исфара» 17 10 3 4 46-21 33
4 «Зарафшон» 17 10 3 4 35-27 33
5 «Спитамен» 18 6 6 6 41-47 24
6 «Мастчоҳ» 17 6 2 9 33-44 20
7 «Канд» 16 5 2 9 30-43 17
8 «Пахтакор» 17 6 1 10 32-39 19
9 «Қайроққум» 18 2 1 15 12-76 7
10 «Шаҳристон» 17 2 0 15 13-41 6

Голзанҳои беҳтарин: Меҳрулло БОБОЕВ («Далерон-Ӯротеппа») – 22 тӯб, Аъзам ҲУСЕЙНОВ («Далерон-Ӯротеппа») – 20 тӯб, Ҳусейн ҶАЛОЛОВ («Эсхата») – 15 тӯб.

Даври 20-ум
5-уми ноябр (сешанбе)
“Эсхата» - «Спитамен» - 4-1
«Пахтакор» - «Қайроққум» - 5-2
6-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
«Исфара» - Канд»
«Мастчоҳ» - «Шаҳристон»
7-уми ноябр (панҷшанбе) – соати 14:00
«Далерон-Ӯротеппа» - «Зарафшон»

Ба ин тартиб, дастаҳои “Саройкамар” ва “Кӯктош+С” дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот, ки 11-уми ноябр шурӯъ мешавад, барои роҳхатҳо ба лигаи олии футболи Тоҷикистон бо дастаҳои беҳтарини минтақаи Суғд – “Эсхата”-и Хуҷанд ва “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан мубориза мебаранд.

Марҳилаи ниҳоӣ
11-уми ноябр (душанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14:00
Бозии 1-ум – “Саройкамар” – “Далерон-Ӯротеппа”
Бозии 2-юм – “Эсхата” – “Кӯктош+С”
Бозиҳои ҷавобӣ – 16-уми ноябр (шанбе) – соати 13:30
Бозии 3-юм – “Далерон-Ӯротеппа” – “Саройкамар”
Бозии 4-ум – “Кӯктош+С” – “Эсхата”
Бозӣ барои ҷойи 3-юм – 20-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
Бозии 5-ум – мағлуби бозии 3-юм – мағлуби бозии 4-ум
Бозӣ барои ҷойи 1-ум – 20-уми ноябр (чоршанбе) – соати 14:00
Бозии 6-ум – ғолиби бозии 3-юм – ғолиби бозии 4-ум
Бозии ҷавобӣ – 24-уми ноябр (якшанбе) – соати 13:30
XS
SM
MD
LG