Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Билл де Бласио мири Ню-Йорк интихоб шуд


Билл де Бласио, мири нави Ню-Йорк
Билл де Бласио, мири нави Ню-Йорк
Билл де Бласио, намояндаи Ҳизби демократ, мири шаҳри Ню-Йорк интихоб шуд. Дар интихоботи мири бузургтарин шаҳри Амрико ӯ беш аз 65 дар сади раъйҳо соҳиб шуд ва рақибаш намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷо Лотро шикаст дод.

Билл де Бласио дар мақоми шаҳрдори Ню-Йорк Майкл Блумбергро иваз мекунад, ки бар пояи қонун иҷозаи бори чаҳорум дар интихобот ширкат карданро надорад.

Ҳамзамон интихоботи мақомоти маҳаллӣ дар бархе аз шаҳру аёлоти Амрико баргузор шуд. Тавре интизор мерафт, Крис Кристи, намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳон, дубора дар мақоми волии аёлати Ню-Ҷерсӣ интихоб шуд. Зимнан, Кристи номзади эҳтимолии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 маҳсуб мешавад.

Дар интихоботи волии Вирҷиния бо бартарии андак номзади демократҳо Террӣ Маколифф, раиси пешини Кумитаи миллии Ҳизби демократ ва дӯсти наздики раисиҷумҳури пешини ИМА Билл Клинтон, баранда шуд.
XS
SM
MD
LG