Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон дар қитъаи интихоботии Тирчид (УПД)-и Хоруғ беш аз 90 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Ба иттилои раиси комиссияи интихоботии қитъаи Тирчид (УПД)-и шаҳри Хоруғ Алигавҳар Алигавҳаров, беш аз 90 дарсади интихобкунандагон ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Ба гуфтаи раиси комиссия ҳамчунин номзад Исмоил Талбаков 130, Бухориев 12, Абдуҳалим Ғаффоров 22, Саидҷаъфар Исмонов 29 ва Олимҷон Бобоев 49 овоз гирифтанд. Дар қитъи мазкур 2290 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда буд

Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар Бадахшон Алим Шерзамонов мегӯянд, ки бино ба мушоҳидаҳои вай, дар шаҳри Хоруғ, аз ҷумла дар маҳаллаҳои Бархоруғ ва Тирчид камтар аз 40 дарсади интихобкунандагон дар раъйдиҳӣ ширкат карданд.

Дар қитъаи интихоботии рақами 5-и Возми ноҳияи Шуғнон низ шумориши орои интихобкунадагон ба охир расид. Ба иттилои раиси комиссияи учаскавии мазкур Қадамшо Саидарабов, 11 нафар аз интихобкунандагон ба муқобили ҳамаи номзадҳо ва 719 нафари дигар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон раъй доданд ва ягон нафар аз номзадҳои дигар дар ин қитъа раъй ба даст наовардаанд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеомад, бархе аз раъйдиҳандагон ҳамгоми гирифтани баргаи раъйдиҳӣ ба таври ошкор баён доштаанд, ки номзадҳои дигар намешиносанд. Дар қитъаи мазкур 730 нафар интихобкунада ба қайд гирифта шуда ва ба гуфтаи раиси комиссия, ҳамаи интихобкунадагон ширкат карданд.

Cуғд: интихоботи оромтар аз гузашта

Дар қитъаҳои овоздиҳии рақамҳои 23 ва 51 дар маркази вилояти Суғд, мушоҳида шуд, ки то соатҳои 11 овоздиҳандагон зиёд меомаданд, баъди он шумораи онҳо кам мешуд. Як хонуме, ки аз қитъаи овоздиҳии рақами 23-и Хуҷанд берун омад, ба Озодӣ гуфт, вай овоз доданро вазифаи шаҳрвандии худ медонад ва аз он ки онро адо кард, қаноатманд аст.

Дар қитъаи рақами 23, дар дармонгоҳи бачагонаи шаҳри Хуҷанд нозирон аз ҳизбҳои коммунистӣ, халқии демократӣ ҳузур доштанд.

Муаттара Раҳмонова, нозир аз ҳизби комунистӣ гуфт, ин интихоботи раисҷумҳурӣ аз интихоботҳои гузашта бо оромӣ фарқ мекунад. Хонум Раҳмонова афзуд, дар чанд соати аввали овоздиҳӣ вай ҳеҷ гуна қонуншиканиеро мушоҳида накардааст.

Як ҷавони овоздиҳанда дар Хуҷанд бидуни муаррифи худ гуфт, ки чун равиш ва барандаи интихоботи раисиҷумҳурӣ, ки аз қабл барои аксар маълум буд, дигар табиист, ки барои сабқати ҳақиқӣ талош, шӯру ҳаяҷон ва тантанаҳои самимона миёни овоздиҳандагон ҷойе нагузошт. Вай гуфт "ман ҳоло овоздиҳӣ нарафтам ва ҳавасмандии рафтан ҳам надорам. Агар номзаде мебуд, ки барои ман барин одамони оддӣ ягон ваъдаи беҳтар кардани зиндагиамонро медод, давида мерафтам. Аммо ҳозир ҳама умедам ба худою худам, ғалтидаю хеста рӯзгорамро пеш бурда истодаам. Касе дастамро намегирад."

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, Саидбой Зокиров, муовини раиси КМИРТ гуфт, то соати 14 67:5 дар сади овоздиҳандагони Суғд раъй додаанд.

Биноба маълумоти КМИРТ, дар вилояти Суғд ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор овоздиҳанда сабти ном шуда, 882 нафари онҳо то соати 14 овоз додаанд.

Қӯрғонтеппа: "Тавсияҳо"-и масъулон ва раъйи маҳбусон дар интихобот.

Масъулони ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа-44 мегӯянд, ки беш аз 70 дарсади раъйдиҳандаҳо дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ба пойи сандуқҳои раъй омадаанд.

Бар асоси иттилои расмӣ, дар шаҳри Қӯрғонтеппа беш аз 42 ҳазор нафар овоздиҳанда сабтином шудааст.

Дар ҷараёни раъйдиҳӣ, ба гуфтаи масъулони қитъаҳо, қонуншикании ҷиддӣ сабт нашудааст. Аммо шоҳидони ҳол ва хабарнигорони маҳаллӣ мегӯянд, ки мавридҳои зиёди нақзи қонуни интихобот, аз ҷумла бидуни шиноснома гирифтани баргаи раъйдиҳӣ, ба ҷойи аҳли хонавода овоз додани як нафар, тавсия додани аъзои қитъаҳои овоздиҳӣ ба интихобкунандагон, ки ба ҷонибдории кадоме аз номзадҳо бояд раъй диҳад, ба ҳуҷраи овоздиҳӣ ворид шудани якбора чанд нафар ва мисли инро мушоҳида кардаанд.

Дар аксари қитъаҳои раъйдиҳӣ танҳо нозирони Ҳизби халқии демократӣ ҳузур доштанду 5 номзади аҳзоби дигар нозирони худро роҳӣ накардаанд. Аммо нозирони ҲХДТ ҳам мегӯянд, ки ягон қонуншиканиро надидаанд. Дар даромадгоҳи қитъаҳои раъйдиҳӣ ба хотири ҷалби мардум овозхонҳо машғули сурудану навохтани мусиқӣ ҳастанд. Таронаҳо асосан ба мавзӯи ватандорӣ ва ишқу ошиқӣ бахшида шуда буданд.

Ҳамин гуна намоишномаҳои ҳунарӣ дар майдони хиёбони марказии шаҳри Қӯрғонтеппа низ барпо шуд. Дар ҷараёни он Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, сухан ронда, мардумро бо 19-умин солгарди рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон табрик гуфт ва онҳоро ба «интихоби номзади арзанда ба таври шаффофу демократӣ» даъват кард.

Масъулони участкаи интихоботии рақами 4, ки дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ҷойгир аст, хабар доданд, ки тамоми донишҷӯёни ин донишгоҳ, бошандагони хобгоҳ то соати 9 субҳ омада, овоз додаанд. Маъмурияти донишгоҳ шоми гузашта ва субҳи имрӯз ба донишҷӯён зиёфат додаст ва аз субҳ то нисфирӯз барояшон намоишномаи ҳунарӣ бо ширкати овозхонҳои маҳбуби маҳаллӣ барпо кардааст. Дар ин қитъа ҳамчунин гуфтанд, ки бо қуттиҳои сайёр ба СИЗО (боздоштгоҳи муваққат)-и шаҳри Қӯрғонтеппа рафта, раъйи беш аз 10 нафари боздоштшуда (гумонбар дар ҷиноят)-ро низ гирифтаанд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии минтақа ду нозири дарозмуддат аз САҲА ва нозирони кӯтоҳмуддати зиёде аз кишварҳои узви ИДМ, Созмони Шонгҳой ва дигар созмонҳои нозир ҷараёни интихоботро назорат мебаранд.

Ба хотири таъмини иштироки ҳарчӣ бештари мардум дар интихоботи президентӣ ари бозорҳои марказии шаҳр баста шуда, раисони маҳаллаҳо ба хонаҳои мардум мераванд, то ки онҳоро ба қитъаҳои раъйдиҳӣ биоранд.

Дар шаҳри Кӯлоб наздики 92 дар сади сокинон раъй додаанд

То соати 14:30 дақиқа ба гуфтаи масъулони ҳавзаи интихоботии «Кӯлоб-45» беш аз 75 ҳазор сокин барои раъйдиҳӣ дар қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шудаанд.

Аммо ҳоло, пас аз нисфирӯзӣ сокинон ягон-ягон ба қитъаҳои раъйдиҳӣ ҳозир мешаванд, дар ҳоле, ки то нисфриӯзӣ иштирок дастаҷмаъона буд. Икром Фозилов, раиси ҳавзаи «Кӯлоб-45» мегӯяд, қитаъҳои раъйдиҳӣ фаъоланд ва то кунун онҳо ягон шикоят аз интихобкунандагону нозирон дастрас накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар қитъаҳои раъйдиҳии рақами 11 ва 6-и Кӯлоб овоздиҳии як нафар ба ҷои чанд нафар мушоҳида шуд. Инчунин, дар аксари қитъаҳои раъйдиҳӣ аз интихобкунандагон шиноснома пурсида намешуд.

Дар шаҳри Хуҷанд то соати 10:30 беш аз 55 ар сади овоздиҳандагон ё ҳудуди 47 ҳазор нафар ба қитъаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, овоз додаанд.

Сокинони рустоҳои Бадахшон ба раъйдиҳӣ мераванд.

Сокинони рустоҳои Бадахшон ба раъйдиҳӣ мераванд.

Мақсудон Инъомҷонов, раиси ҳавзаи интихоботии шумораи 26-и шаҳри Хуҷанд гуфт, дар маркази вилояти Суғд ҳудуди 97 ҳазор интихобкунанда ба қайд гирифта шудаанд ва иштироки беш аз ними онҳо ба маънии баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин ҳавза аст.

Баъд аз соати 12 дар назди қитъаҳои овоздиҳӣ шумораи ками овоздиҳандагон ба назар мерасанд.

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар маркази вилояти Суғд оромона ҷараён дорад ва дар чеҳраи овоздиҳандагон шӯру ҳаяҷон хонда намешавад.

Шаҳрдори Кӯлоб аз ширкати фаъолонаи мардум дар интихоботи президентӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

Абдуҷаббор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб, ки сокинонро ба рӯзи Сарқонуни Тоҷикистон табрик мекард, гуфт, иштироки фаъолонаи мардум нишон медиҳад, ки онҳо барои ояндаи кишвар бетараф нестанд ва талош доранд, то ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд.

Шаҳрдор инчунин гуфт, иштироки фаъоли сокинон дар интихобот далели он аст, ки онҳо қонунҳои ҷории кишварро хеле хуб медонанд.

Тибқи иттилои масъулини ҳавзаи раъйдиҳии "Кӯлоб-45" то соати 12 дар 55 қитаъи райдиҳии Кӯлоб ва чаҳор ҷамоати он 75 дар сади афроди сину соли райдиҳӣ, яъне беш аз 66 ҳазор нафар райи худро додаанд. Дар маҷмӯъ дар Кӯлоб наздики 90 ҳазор райдиҳанда сабт шудааст.

Аксари нозирон то анҷоми интихобот аз сӯҳбат худдорӣ мекунанд. Аммо Коровин Игор, нозир аз Русия мегӯяд, то ҳол ҳеҷ қонуншикание сабт накардааст ва интихобот аз нигоҳи ӯ хеле шафоф ҷараён дорад.

Икром Фозилов, раиси ҳавзаи интихоботии "Кӯлоб-45" мегӯяд, раъйдиҳӣ бо суръати хеле тез ҷараён дорад.

Яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар Хоруғ.

Яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар Хоруғ.

Фозилов гуфт: «То ҳол зиёда аз 43 ҳазор сокини Кӯлоб рафта овоз доданд. Ин ба 48,8 дар сади овозҳои интихобкунандагон баробар аст. Дар интихоботҳои гузашта то ин соат чунин шумора набуд, аммо ҳоло интихобкунандагон, чуноне пештар гуфтам, хеле фаъоланд.»

Онҳое, ки назди қитъаҳои райдиҳинад, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ изҳор доштнад, ки мехоҳанд, ҳар чӣ барвақтар овоз дода, дунболи кори худ шаванд. Зоҳиран, хиёбонҳои Кӯлоб мисли рӯзҳои истироҳатӣ ба назар мерасад, аммо дар пушти қитъаҳои райдиҳӣ одамони зиёд дида мешаванд.

Дар Кӯлоб наздики 90 ҳазор сокини синни интихоботӣ ба сар мебарад, ки тибқи иттилои расмӣ 6 ҳазори онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба сар мебаранд.

Дар ҳавзаҳои интихоботии вилояти Бадахшон ҳам овоздиҳӣ идома дорад. Бибигул Ҷумаева, раиси ҳавзаи интихоботии шаҳри Хоруғ ба радиои Озодӣ гуфт, ки то соати 10 57,7 дар сади интихобкунандаҳо ба пайи қуттиҳои раъйдиҳӣ омадаанд.
Дар Хоруғ низ овоздиҳӣ ҷараён дошта, пас аз соати 8 шумораи интихобкунандагоне, ки ба қитъаҳои раъйдиҳи мераванд, бештар шудаст.
Дар Бадахшон зиёда аз 100 ҳазор интихобкнанда ба руйихат гирифта шудаст.

Дар хамин хол бештари интихобкунандагоне, ки бо онҳо ҳамсуҳабт шудем, натиҷаи интихоботро «қаблан халшуда» арзёбӣ карданд. Аммо бархе бар ин боваранд, ки шояд ин интихобот «сюрприз» дошта бошад.

Ҳамчунин дар дигар гӯшаву канори Тоҷикистон овоздиҳӣ идома дорад.

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG