Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тими футзали Тоҷикистон Қирғизистонро шикаст дод


Тими миллии футзали Тоҷикистон дар нахустин бозӣ дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё, рақиби худ аз Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 8 бар 4 шикаст дод. Дар ин бора яке аз мухлисони дастаи Тоҷикистон аз Тошканд ба Радиои Озодӣ хабар дод. Бозиҳои интихобӣ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад ва дар он чаҳор дастаи кишварҳои минтақа, Тоҷикистону Узбакистон, Қирғизистону Туркманистон ширкат мекунанд. Панҷ голи тими Тоҷикистонро, Хуршед Маҳмудов ба самар расонд. Дар бозии дигари мусобиқот тими мизбон, варзишгарони Туркманистонро бо ҳисоби 10 бар 1 мағлуб кард. Футзалбозони тоҷик ба раҳбарии Дамир Камолиддинов, футболбози собиқ ва мураббии варзида ба Тошканд рафтаанд. Рақиби ояндаи тими миллии Тоҷикистон, варзишгарони узбак ҳастанд, ки тими қавӣ ба ҳисоб мераванд. Ғолиби ин гурӯҳ ба бозиҳои асосии мусобиқоти футзали Осиё роҳхат мегирад, ки соли оянда дар Ветнам баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG