Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар бозии шатранҷи Осиёи Марказӣ бохт?


Пойгоҳи Манас, аз марказҳои муҳими икмолотӣ барои нерӯҳои Амрико дар Афғонистон аст.

Пойгоҳи Манас, аз марказҳои муҳими икмолотӣ барои нерӯҳои Амрико дар Афғонистон аст.

Як таҳлилгар мегӯяд, таҷрибаи Иёлоти Муттаҳида барои тақвияти нуфузаш дар Осиёи Марказӣ бо тарки пойгоҳи Манас дар Қирғизистон поён меёбад.

Ҷошуа Кутсера дар шарҳе дар рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” навиштааст, аз пойгоҳи Манаси фурудгоҳи шаҳри Бишкек, рафтани Амрико, на танҳо дар берун кашидани нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон мушкил эҷод мекунад, балки ба озмоиши кӯтоҳмуддати Иёлоти Муттаҳида барои тақвияти қудрату нуфузаш дар Осиёи Марказӣ як гӯшаи дурдасти стротегии ҷаҳон хотима медиҳад.

Вазорати дифоъи Амрико моҳи гузашта бесарусадо эълон кард, ки нерӯҳои кишвар то тобистони соли оянда аз пойгоҳи Манас мераванд, ки онро ҳамчун Маркази транзитӣ истифода мекарданд. Дар ин пойгоҳ аз соли 2001 то кунун якуним ҳазор сарбози амрикоӣ мустақар буда ва барои амалиётҳо дар Афғонистон кӯмак мекунанд. Пойгоҳи Манас ба гуфтаи Ҷошуа Кутсера намоёнгари қудрати Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ аст, ки то чанд соли пеш, ки сиёсатгузорон ба он ҳеҷ аҳамият намедоданд. Билофосила баъди суқути Иттиҳоди Шӯравии собиқ, Збигнев Бжезинский, яке аз таҳлилгарони маъруфи амрикоӣ, Осиёи Марказиро “тахтаи бузурги шатранҷ” номид, ки ба қавли ӯ Амрико бояд барои ҳифзи қудрати ҷаҳониаш дар он бозӣ мекард.

Ҳенрӣ Киссинҷер, вазири собиқи умури хориҷии Амрико хоста буд, то кишвараш дар инҷо як зонаи буферии ғарбгаро бисозад, то Русияву Чинро аз ҳам ҷудо кунад. Ба гуфтаи Ҷошуа Кутсера, Амрико дар охирҳои соли 1990 ба бозӣ дар ин тахтаи шатранҷ шурӯъ кард ва тарҳи лӯлаи газеро пешниҳод намуд, ки гази Осиёи Марказиро аз Баҳри Хазар аз тариқи Гурҷистон ба Туркия расонда ва ҳамингуна монополияи Русия дар бозори нафту гази Осиёи Марказиро бишканад.

Аммо баъди ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба Иёлоти Муттаҳида, Амрико ин тарҳҳои дарозмуддатро канор гузошт ва барои ҳадафҳои кӯтоҳмуддати низомиаш камар баст. Баъди он сол Иёлоти Муттаҳида дар Узбакистону Қирғизистон пойгоҳи низомӣ таъсис дод, то амалиётҳо дар Афғонистон барояш осон шавад. Ҳарчанд ин кор ба Иёлоти Муттаҳида кӯмак кард, вале соли 2005 Амрико ночор нерӯҳояшро аз Узбакистон берун кашид.

Айни замон дар даҳсолаи гузашта Русияву Чин дар Осиёи Марказӣ фаъолтар шуданд. Русия пайваста ба ҳузури Амрико дар минтақа мухолифат мекард ва барои ҳифзи нуфузи худаш бо Тоҷикистону Қирғизистон созишнома имзо кард, то пойгоҳҳояшро барои муддати тӯлонӣ дар ҳарду кишвар бимонад. Ҷошуа Кутсера мегӯяд: “Бахусус дар қазияи пойгоҳи Манас дар Қирғизистон ва дар умум, Русия саъй дошт, ки монеъи ҳадафҳои Амрико дар Осиёи Марказӣ шавад. Ҳоло Иёлоти Муттаҳида башиддат, нуфузи худ барои таъсир ба ин кишварҳоро аз даст медиҳад. “

Ба қавли таҳлилгари амрикоӣ, маҳз таҳти фишору ваъдаҳои имтиёзҳои иқтисодӣ аз тарафи Русия, Бишкек аз Амрико хост, ки Маркази Транзитии Манасро то моҳи июли соли 2014 бубандад. Ба гуфтаи Ҷошуа Кутсера, ҳарчанд ҳеҷ яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намехоҳанд, ки зери таъсири комили Русия бимонанд, аммо ба эътиқоди онҳо, Амрико ҳам наметавонад, ба ҳадди кофӣ ба фишори Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ муқовимат кунад.

Ба қавли ӯ, ба ҷойи Амрико ин нақшро Чин мегирад, ки тайи 5 соли ахир фаъолиятҳои иқтисодиашро дар минтақа тавсиа дода ва қарордодҳои бузурге дар заминаи истихроҷу содироти нафту газ имзо кардааст. Ба қавли Ҷошуа Кутсера, Амрико ба ҷойи Манас, дар Руминия пойгоҳ пайдо кард, ки ин як навъ ақибнишинии стротегӣ ба тарафи Ғарб аст. Ба гуфтаи ӯ, шояд аз ин роҳ Амрико битавонад, ба самти Украинаву Гурҷистон ҳам ҳаракат кунад, вале акнун Осиёи Марказӣ зоҳиран барояш хеле дур шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG