Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миралӣ Раҳмонов дар ҳоли ҳозир қадбаландтарин ҷавони тоҷик аст ва мегӯяд, аз ягон фурӯшгоҳи Тоҷикистон наметавонад, барои худ сарулибоси заруриро харидорӣ кунад.

Ӯ, ки ҳангоми сӯҳбат бо атрофиён маҷбур аст, ба пойин нигоҳ кунад ва ҳамсӯҳбатон ба боло, қадди худро дӯст намедорад ва мегӯяд, ҳама дар кӯча ба ӯ менигаранд, баъзеҳо пеш омада баландии қадашро мепурсанд ва Миралӣ Раҳмонови 25-сола аз ин ҳама нороҳат мешавад. Вале, ба сурати умум, вай мегӯяд, қадаш худодод аст.

Қомати ӯ 2 метру 10 сантиметр аст. Дар Тоҷикистон барои чунин қад либосу пойафзол ёфт намешавад. Вай мегӯяд: «Дар Тоҷикистон албатта барои ёфтани либоси мувофиқ ба худам ё пояфзол бояд соатҳо дар бозор мегаштам бисёр мекофтем, мушкил буд, аммо дар Русия мағозаҳои махсус барои одамони қоматбаланд аст ва ман аз онҷо барои худам сарулибос мехарам. Масалан, ҳамин пойафзолро барои рӯзи тӯям аз Русия бо худ овардам. Шиму костюмамро ҳамин ҷо фармоиш додам дӯхтанд.»

Дар муқобили пойафзол ва сару либос, дарёфти арӯси ҳамқад барои Миралӣ ба айси мушкиле боқӣ монд, ки ҳалли худро надорад. Духтаре, ки чанде пеш бо Миралӣ издивоҷ кард, қади аз ӯ ба маротиб кӯтоҳтар дорад. «Барои худи ман ҳам муҳим набуд, ки қадаш ба андозаи ман бошад. Қади ӯ аз ман паст аст албатта, вале ман ӯро барои хислату сираташ интихоб кардам.», гуфт Миралӣ.

Миралӣ маълумоти олӣ надорад, зеро шароити таҳсил надошт ва мисли ҳазорон нафар ҳамсоли худ пас аз хатми мактаб роҳи Русияро пеш гирифт. Ба Тоҷикистон ҳам фақат барои барпо кардани оила омад ва рӯзҳои наздик боз нақшаи сафар дорад. Вай мегӯяд, андоза кардани қадашро хуш надорад ва танҳо пас аз ширкат дар як барномаи телевизионӣ фаҳмидааст, ки баландии қадаш беш аз 2 метр аст.

Миралӣ аз саломатии худ ягон шикоят надорад, аммо Абдуҷаббор Маҳмадов, раҳбари маркази бемориҳои ғадудҳои дохилӣ, якбора боло баланд шудани одам ё номӯътадил сабзидани қадро ба бемории гигантизм рабт медиҳад.

«Гигантизм ё азимҷуссагӣ аз сини 9-10- солагӣ ё аз давраи ба балоғат расидани инсон зоҳир гашта то интиҳои инкишофи физиологӣ ё 24- 25-солагӣ баландшавии қад давом мекардааст. Ин бемори алоқамандӣ дорад ба вайроншавии адиногипофиз. Он ба дарозу бузургшавии дасту пой мерасонад.»,гуфт Абдуҷаббор Маҳмадов.

Абдуҷаббор Маҳмадов, муттахассиси соҳаи тибб.

Абдуҷаббор Маҳмадов, муттахассиси соҳаи тибб.

Муттахассисон мегӯянд агар волидону наздикони дигари афроди азимҷусса ё қоматбаланд ҳам мисли ӯ қади баланд дошта бошанд, пас ин беморӣ не, балки воқеан қоматбаландӣ аст. Аммо Сангалӣ Раҳмонов, падари Миралӣ, ки қадаш аз писараш хеле кӯтоҳтар аст мегӯяд, бобои Миралӣ ҳамин тавр қоматбаланд буд. «Бобои Миралӣ ҳам қадаш аз 2 метр зиёд буд. Фарзандони дигарам қадҳояшон мисли ҷавонҳои дигар қади на чандон кӯтоҳу на баланд, миёна дорад», гуфт падари Миралӣ.

Миралӣ баъд аз Меҳроҷиддин Каримов, муштзани маъруфи тоҷик, ки бо қади 2 метру 17 сантиметр чун «Гуливери тоҷик» шинохта шудааст дуввумин ҷавони баландқади тоҷик аст.

Меҳроҷиддин Каримов.

Меҳроҷиддин Каримов.

Аммо муттахассиси соҳаи тибб, Абдуҷаббор Маҳмадов мегӯяд, дар ду даҳсолаи ахир қоматбаландӣ дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст. Ба қавли ӯ, дар солҳои 80-ум доштани қад ба андозаи 1, 90 ё 2 метр ғайриоддӣ набуд ва аксарият болобаланду калонҷусса буданд, аммо ҳоло бештари мардум ҷисми хурду қади пасттар доранд. Сабаби аслӣ ҳам ба гуфтаи ин муттахассис, шароити номусоиди зиндагӣ ва кам ба варзиш машғул шудани ҷавонон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG