Пайвандҳои дастрасӣ

Як рӯз қабл аз интихоботи президентии Тоҷикистон, аз ҷониби КМИР рӯзи хомӯшӣ эълон шуда, бар асоси қонун ҳама гуна таблиғу ташвиқот манъ шудааст.

Шиору лавҳаҳои таблиғотиро аз кӯчаҳои Душанбе барчидаанд, аммо ба ин нигоҳ накарда дар шишаи баъзе аз мошинҳои сабукрав акси Эмомалӣ Раҳмон, яке аз номзадҳо ва раисиҷумҳурии феълии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба назар мерасад.

Боқӣ мондани чунин аксҳо ва баъзе аз шиору лавҳаҳо хилофи қонуни интихоботии Тоҷикистон аст, зеро як рӯз пеш аз раъйдиҳӣ бояд ҳама гуна таблиғот қатъ шавад ва мардум фурсати ороме дошта бошанд, ки сари интихоби ояндаи худ андеша кунанд.

Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, маъракаи таблиғи номзадҳо ба поён расидааст: «Ба охир расидани тарғибу ташвиқ як шабонарӯз пеш аз интихобот маънои онро дорад, ки номзадҳо ба мансаби президентӣ бо ягон интихобкунанда вохӯрӣ карда наметавонад. Аз ҷониби ВАО ва дигар нафарони мутасаддӣ нисбати ин ё он номзад ташвиқ кардан манъ аст.»

Ҷаноби Додоев меафзояд, акнун ҳама, ҳам комиссияҳо ва ҳам интихобкунандагону номзадҳо ба раъйдиҳӣ омода мешаванд. Вале оё омодагӣ ба раъйдиҳӣ дар чӣ сатҳ аст? Ҳарчанд куллан гуфта мешавад, кишвар ба интихобот омодааст, иддае аз сокинон мегӯянд, онҳо барои ширкат дар интихобот даъватнома нагирифтаанд.

Баргигул Мирзоева, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мегӯяд, дар оилаашон се райъдиҳанда аст ва то ҳол ба номи ҳеч нафаре аз онҳо даъватнома наомадааст. Ба қавли Баргигул Мирзоева, ҳатто барои фарзанди нахусташ, ки қарор аст бори аввал дар интихобот ширкат кунад, даъватнома нагирифтааст.

Анора Аҳмадова, сокини ҷамоати Чорякорони ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба Озодӣ гуфт, қарор буд дар интихобот шавҳар ва духтари калонаш ширкат мекарданд, аммо бо сабабҳои номаълум шахсони мутасаддӣ танҳо ба номи як марди хона даъватнома овардаанд. Хонум Аҳмадова меафзояд, ки нафарони даъватномаро оварда нагуфтанд, ки чаро аз ду бонуи хона қатъи назар шудааст: «Як даъватнома гирифтаем, ҳамон ҳам хато аст. Насаби шавҳарамро нодуруст навиштаанд.Дар даъватнома Муҳиддин Шарипов омадааст, ҳол он, ки ному насаби шавҳари ман Хушдил Мардонов аст.»

Ҳамзамон хонум Аҳмадова гуфт, дар се хонаводаи дигари маҳалли зисташон даъватнома танҳо ба номи мардҳои хона омадаасту ба номи хонумҳо не.

Мадинаи Холназар, низ яке аз ҳамсояҳои Анора Аҳмадова зикр намуд, ки даъватномаи ӯ ҳам хатост: «Як кӯдаки ҳамсояамон даъватномаро оварда дод. Вақте дидам, Қурбонова Маҳина навишта шудааст гуфтам, ин ман нестам. Писари ҳамсоя гуфт, ҳеҷ гап надорад, хато шудааст. Ман ҳамсояҳоро пурсидам, ки шояд духтари ягон нафаре аз онҳо бошад, онҳо низ рад карданд, ки мо ин хел одамро намешиносем.»

Дар хонаи Мадинаи Холназар 8 нафар раъйдиҳанда аст, ки танҳо барои се нафари онҳо хабарнома расидааст. Он ҳам ба номи ду хоҳари донишҷӯяш, ки бори аввал райъ медиҳанд.

Дар баъзе аз хонаводаҳо бошад баръакс ба номи ду раъйдиҳанда чаҳор хабарнома овардаанд. Масрур, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки нахост насабаш гуфта шавад, гуфт, аз хонаводаашон ӯ ва ҳамсараш ҳаққи раъй доранд, аммо: «Ду рӯз пеш 4 даъватнома оварданд. Ду то барои худам ва ду тои дигар барои ҳамсарам. Ду хабарномаро як рӯз оварданд ва рӯзи дигараш боз ду даъватномаи дигар оварда, гуфтанд, ки рӯзи 6-уми ноябр интихобот аст, метавонед бо ҳамин хабарномаҳо ба мактаби №29 омада раъй диҳед.»

Аммо ин дар ҳолест, ки Абдуманон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР мегӯяд, ба тамоми ҳавзаҳо вобаста ба шумораи интихобкунандагон хабарнома дода шудааст. Ин аст, ки эҳтимол меравад дар баъзе аз участкаҳои интихоботӣ хабарномаҳо сари вақт нарасида бошад. Аммо ба қавли Додоев, сари вақт нарасидани даъватномаҳо маънои онро надорад, ки овоздиҳандаҳо аз ширкат дар интихобот худдорӣ кунанд.

Зимнан, тибқи иттилои КМИР дар саросари Тоҷикистон 81 ҳавза ва беш аз се ҳазор маркази раъйдиҳӣ боз шудааст, ки қарор аст, ба беш аз 4 миллион интихобкунанда шароити раъйдиҳӣ фароҳам оранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG