Пайвандҳои дастрасӣ

Ду сокини пойтахтро барои говпарварӣ ҷарима карданд


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе, ду сокини ин ноҳияро барои парвариши чорво дар қаламрави шаҳр ҷарима кардааст. Ба гуфтаи додрасҳо, Пиров Сайфидин ва Шодиев Пирмаҳмад, сокинони ноҳия дар хонаҳои худ, гов парвариш кардаанд, ки мухолиф ба қонун ва муқаррароти зиндагӣ дар шаҳри Душанбе аст. Дар ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ки ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, омадааст, Пиров Сайфидин ва Шодиев Пирмаҳмад ба гуноҳи хеш иқрор шуда ва изҳори пушаймонӣ карданд ва аз ин рӯ ҳардуро 400 сомонӣ ҷарима бастанд. Парвариши гову гӯсфанд дар қаламрави шаҳри Душанбе аз моҳи декабри соли 2009 мамнӯъ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG