Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Женева омодагиҳо ба конфаронси Сурия шурӯъ шуданд


Ахзар Иброҳимӣ
Ахзар Иброҳимӣ
Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб рӯзи сешанбе музокирот бо дипломатҳои воломақом ба хотири таҳияи конфаронси сулҳи Сурия дар Женеваро шурӯъ кард. Ӯ бо муовинони вазири умури хориҷии Русия Геннадий Гатилов ва Михаил Богданов ва муовини вазири умури хориҷии Амрико дар масоили сиёсӣ Вендӣ Шерман мулоқот кард.

Қарор аст, ки ба музокирот намояндагони Чин, Фаронса, Бритониё, Лубнон, Урдун, Эрон ва Туркия низ ҳамроҳ шаванд.

Русия рӯзи сешанбе бори дигар талаб намуд, ки дар конфаронси Женева-2 ҳайати Эрон – ҳампаймони асосии ҳукумати Башор Асад ҳам ширкат кунад.

Дар ҳамин ҳол Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи сешанбе гуфт, ки ҳам режими Башор Асад ва ҳам мухолифини ҳукумати Димишқ бояд дар конфаронси Женева-2 ҳузур дошта бошанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи конфаронс - амалӣ сохтани тарҳи ташкили ҳукумати давраи гузариш дар Сурия аст, тарҳе, ки соли гузашта дар конфаронси аввали Женева оид ба Сурия таҳия шуда буд. Аммо дар нишасти қаблӣ мавзӯи тарки маснад кардан ё накардани Башор Асад ҳалношуда боқӣ монда буд.
XS
SM
MD
LG