Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

150 сарбози бангладешӣ ба эъдом маҳкум шуданд


Додгоҳи махсуси Бангладеш рӯзи сешанбе дасти кам 150 сарбозро барои ширкат дар ошӯби хунини соли 2009 ба қатл маҳкум кард. Беш аз 150 тани дигар, асосан марзбонҳо, ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Ҳамчунин 23 ғайринизомӣ дар ҳамдастӣ бо ошубгарон муттаҳам мешаванд.

Аз рӯи парвандаи ошӯб бо иттиҳоми куштору шиканҷа ва сӯиқасд 823 сарбоз дастгир шуда буданд, ки дар куштори 74 нафар, аз ҷумла, 57 афсар айбдор мешуданд. Гуфта мешавад, ки сарбозҳо онҳоро ба таври ваҳшиёна шиканҷа карда, бархе онҳоро зинда оташ заданд.

Ошуб дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, ба нишони эътироз алайҳи маоши каму ситам аз сӯи афсарон шурӯъ шуд ва 30 соат идома дошт. Дар мурофиаи додгоҳи махсус дасти кам 270 сарбоз сафед карда шуданд.
XS
SM
MD
LG