Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарф: Миёни ИМА ва Эрон беэътимодии амиқ мавҷуд аст


Дар робитаҳои миёни Амрико ва Эрон ҳамоно беэътимодии амиқи дуҷониба мушоҳида мешавад. Муовини сухангӯи вазорати умури хориҷии ИМА Марӣ Ҳарф намоиши бузурги зиддиамрикоӣ дар Теҳронро ҳамин гуна ташреҳ кард.

Рӯзи душанбе ҳазорон эрониҳо дар канори бинои сафорати пешини Амрико дар Теҳрон ҷамъ омада шиорҳои зиддамрикоӣ, аз ҷумла, “”Марг ба Амрико!” андохтанд. Ин намоиш дар 34-умин солгарди ҳамлаи донишҷӯёни эронӣ ба сафорати Амрико дар Теҳрон баргузор шуд. 4 ноябри соли 1979 донишҷӯён ба бинои сафорат ворид шуда, беш аз 50 тан аз кормандони онро гаравгон гирифта буданд.

Намоиши эътирозии ахир ба он хотир таваҷҷуҳро ҷалб намуд, ки раисиҷумҳури нави Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ талоши коҳиш додани таниш миёни кишвар ва Ғарбро дорад. Моҳи сентябр раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва Ҳасани Рӯҳонӣ сӯҳбати телефонӣ доштанд, ки аз сӯи бархе аз муҳофизакорони ифротгарои эронӣ интиқод шуд.
XS
SM
MD
LG