Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Хон Манас дар Бишкек


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи IV байналмилалии дзюдо миёни наврасон барои Ҷоми Хон Манас дар Бишкек 4 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори чорум дар Қасри варзиши ба номи Кожомқули пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, беш аз 400 паҳлавони навраси солҳои таваллудашон 1996-1998 аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон иштирок карданд.

Мусобиқа байни писарон дар 8 вазн ва миёни духтарон дар 6 вазн сурат гирифт. Дар рақобатҳои инфиродӣ гуштигирони навраси Қазоқистон дар 10 вазн ва Қирғизистон дар 4 вазн ғолиб шуданд. Ба ин тартиб, дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Қазоқистон мақоми аввалро касб кард ва барои бори севум бо Ҷоми Хон Манас мукофотонида шуд. Мунтахаби Қирғизистон ҷойи дувум ва дастаи Тоҷикистон ҷойи севумро гирифтанд.

Рустам Назаров, мураббии гуштигирони тоҷик, ба радиои Озодӣ гуфт, “Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 гуштигир, аз он ҷумла 12 нафар аз бошгоҳи варзишии “Вастан” ва як нафар аз шаҳри Хуҷанд намояндагӣ карданд. Миёни онҳо се нафар духтарон низ буданд: Баҳригул Бобиева, Шукрона Қарчиева ва Мавлуда Саъдуллоева. Баҳригул барои маҳорати баландаш бо ҷоизаи махсус сарфароз гашт.”

Дар рақобатҳои инфиродӣ Шукрулло Ҷӯраев дар вазни то 55 кг, Содиқ Абдураҳмонов дар вазни то 73кг, Рашиди Шодибек ва Суннатулло Розиқов – ҳарду дар вазни то 90 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Ғолибони мусобиқа:
Писарон
то 50 кг - Сагинбой уулу Баяман (Қирғизистон)
то 55 кг - Карималиков Адай (Қазоқистон)
то 60 кг - Елубай Нурлан (Қазоқистон)
то 66 кг - Ботеке Мадиёр (Қазоқистон)
то 73 кг - Абдилов Дарин (Қазоқистон)
то 81 кг - Хосен Уғли Дурсин (Қазоқистон)
то 90 кг - Бектурсунов Азамат (Қирғизистон)
беш аз 90 кг - Губанков Николай (Қазоқистон)
Духтарон
то 48 кг - Карасай қизи Каншат (Қазоқистон)
то 52 кг - Асилхонова Анор (Қазоқистон)
то 57 кг - Акишова Элмира (Қирғизистон)
то 63 кг - Акишова Элмира (Қирғизистон)
то 70 кг - Самигалова Элмира (Қазоқистон)
беш аз 70 кг - Ҳусайн Динара (Қазоқистон)

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик соли гузашта дар Ҷоми Хон Манас 4 медал (1тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг ду гуштигири навраси тоҷик - Рашид Зиёбеков ва Комрон Кармеков ба финал баромаданд. Қувваозмоии ниҳоӣ бо пирӯзии Комрон ба анҷом расид ва ӯ бо медали тилло мукофотонида шуд. Рашид бо медали нуқра сарфароз гашт.
Инчунин паҳлавонони навраси тоҷик Комрон Мамадназаров дар вазни то 60 кг ва Ардашер Мирзоев дар вазни беш аз 81 кг, ки ҷойҳои севумро касб карданд, барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.
XS
SM
MD
LG