Пайвандҳои дастрасӣ

Хисороти ҳуҷуми миллатгароҳо ба вагонҳои Тоҷикистон $300 арзёбӣ шуд


Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ҳаҷми зарари шишаҳои шикастаи вагонҳои қатораи Маскав-Душанберо ҳудуди 2000 сомонӣ мушаххас кардааст. Маҳмадюсуф Абдураҳмонов, раиси хадамоти мусофирбарии ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон рӯзи сешанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳафтаи гузашта мақомоти идораи Роҳи оҳани Русия ба онҳо муроҷиат намуда, ҳаҷми зарари шишаҳои шикастаи вагонҳоро пурсон шудааст ва онҳо дар посух гуфтаанд, ки ба 2000 сомонӣ баробар мебошад: «Мо танҳо бо сомонӣ ҳисоб кардем, ки ҳудуди 2000 сомонӣ шуд, вале ин ба чӣ қадар доллар баробар аст ҳисоб накардем, акнун онҳо маблағро ҷуброн хоҳанд кард».

Ба қавли Абдураҳмонов, миёни идораҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон ва Русия қарордоде вуҷуд дорад, ки агар қатории як кишвар дар кишвари дуввум дучори садама ва ё ба мушкили техникӣ мешавад, кишвари мизбон ҳатман ҷуброн мекунад ва кӯмак мерасонад.
XS
SM
MD
LG