Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф: "Бо зӯр наметавон ба сулҳ даст ёфт"


Нахуствазири Покистон дар аввалин суханронӣ пас аз кушта шудани Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, раҳбари Толибони покистонӣ, ҳушдор дод, ки наметавон бо истифода аз зӯр ба сулҳ даст ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, оқои Шариф, ки дар як размоиш дар вилояти Панҷоб суханронӣ мекард, таъкид кард, ки давлати вай тасмим дорад ба хушунатҳо дар Покистон хотима диҳад. Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, рӯзи ҷумъа дар ҳоле кушта шуд, ки қарор буд намояндагоне аз давлати Покистон бо вай ва афроди гурӯҳаш музокира кунанд.

Дар ҳамин ҳол Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, ки дар ҳоли ҳозир дар Арабистони Саудӣ ба сар сар мебарад, гуфтааст, ки кишвараш нигарониҳои Покистонр дарк мекунад.

Тибқи навиштаи расонаҳои покистонӣ, шоми душанбе вазири умури хориҷии Амрико бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф сӯҳбати телефонӣ анҷом додаанд. Ба навиштаи ин манобеъ, Навоз Шариф нигаронии кишварашро аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ ба Ҷон Керри расонидааст.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳам гуфтааст, ки ҳамла бар Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, раҳбари Толибони покистонӣ дар вақти номуносиб анҷом шудааст. Тибқи иттилоияи раёсати ҷумҳури Афғонистон, оқои Карзай умедворӣ кардааст, ки қатли Маҳсуд фазои ҳамкорӣ барои комёбии талошҳои сулҳ дар Афғонистон ва Покистон латма назанад.

Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, раҳбари Толибони покистонӣ рӯзи ҷумъа дар ҷараёни як ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрико дар минтақаи Вазиристони шимолӣ мавриди ҳамла қарор гирифт. Ин иқдоми Амрико ба вокуниши тунди Исломобод рӯбарӯ шуд ва Покистон сафири Амрико дар ин кишварро ба вазорати умури хориҷӣ эҳзор кард.

Мақомоти покистонӣ гуфтанд, ки қатли Маҳсуд талошҳои сулҳи он кишвар бо Толибони покистониро халалдор сохтааст. Исломобод гуфтааст, ки бинобар ин иқдоми Амрико, онҳо равобити худ бо Вошингтонро бознигарӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол Шӯрои сулҳи Афғонистон ва вазорати умури хориҷии ин кишвар итминон додаанд, ки қатли Ҳакимуллоҳ Маҳсуд ба талошҳои барқарории сулҳ дар ин кишвар таъсири манфӣ нахоҳад гузошт. Як рӯз пас аз кушта шудани Маҳсуд, Забеҳулло Муҷоҳид, яке аз сухангӯёни Толибони афғон дар як эъломияи матбуотӣ, қатли раҳбари Толибони покистониро "фоҷиаи бузург" хонд.

Амрико мегӯяд, Ҳакимуллоҳ Маҳсуд аз чандин сол ба ин тараф дар рӯйхати афроди мавриди таъқиб қарор дошт ва ӯро омили ҳамла ба як қароргоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Хусти Афғонистон дар соли 2009, медонад. Бар асари ин ҳамла ҳафт низомии амрикоӣ кушта ва шаш тани дигар захмӣ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG