Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва Саудӣ робитаҳои дуҷонибаро ситоиш карданд


Ҷон Керрӣ ва Сауд ал Файсал
Ҷон Керрӣ ва Сауд ал Файсал
Ҷон Керрӣ ва шоҳзода Сауд ал Файсал-вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Арабистони Саудӣ дар Риёз бо ҳам мулоқот карданд. Онҳо изҳор доштанд, ки ин ду кишвар дар тактикҳо ё шеваи кори худ бо ҳам ҳамфикр нестанд, вале ҳадафи ягонаро дунбол мекунад. Баъд аз мулоқот бо Ҷон Керрӣ Файсал иброз дошт, ки “ду кишвари бо ҳам дӯсти мо” масъалаҳои муҳими Ховари Миёнаро баррасӣ карданд.

Файсал аз нақши Эрон дар Сурия интиқод кард ва аз Теҳрон хост, ки кӯмакҳои худ ба режими Башор Асадро қатъ кунад. Вазири корҳои хориҷаи Арабистони Саудӣ илова кард, ки музокира дар бораи бастани сулҳи Сурия пеш нахоҳад рафт. Вай ҳамчунин даъват кард, ки Ховари Миёна бояд минтақаи холӣ аз аслиҳаи ҳастаӣ бошад.

Ҷон Керрӣ аз суханони Файсал ҷонибдорӣ кард ва гуфт, ки ҳар ду кишвар барои музокироти сулҳи Сурия дар Женев омодагӣ мегиранд ва бори дигар такрор кард, ки Амрико ба Эрон иҷоза нахоҳад дод, ки силоҳи ҳастаӣ эҷод кунад.
XS
SM
MD
LG