Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухлисони ЦСКА-ро аз ҳавопаймо фароварданд


Чанд нафар аз мухлисони дастаи футболи ЦСКА -и Маскав аз ҳавопаймои парвози Маскав-Манчестер фароварда шуданд. Дар ин бора рӯзномаи "Спорт-Экспресс" хабар додааст.

Ҳавопаймо ғайричашмдошт дар фурудгоҳи шаҳри Копенгаген ба замин нишастааст ва кормандони пулиси фурудгоҳ ба дасти яке аз мухлисони ЦСКА дастбанд задаанд ва бо худ бурдаанд. Сабаб ин будааст, ки вай дар роҳрави ҳавопаймо шиша дар даст рафту омад мекардааст ва бо садои баланд гап мезадааст.

Сипас ҳавопаймо барои бархостан ба хати парвоз ворид шудааст, вале ногаҳон онро баргардонидаанд ва пулис 5 нафари дигарро бо худ бурдааст. Шоҳидон мегӯянд, ки барои чунин кор ҳеҷ сабаб вуҷуд надошт ва мухлисони рус гуноҳ надоранд.

Баъд аз чанд вақт ду нафар аз шаш нафари боздоштшуда ба ҳавопаймо баргаштаанд ва ҳавопаймо парвозро ба Манчестер идома додааст. Пешхидматони ҳавопаймо то охири парвоз иҷоза надодаанд, ки мусофирони рус аз ҷои худ бархезанд.
XS
SM
MD
LG