Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи додгоҳии ду мухолиф дар Озарбойҷон


Ду нафар аз мухолифони давлати Озарбойҷон дар шаҳри Сакӣ ба муҳокимаи додгоҳӣ кашонда шуданд. Илқор Мамадов-раиси Ҷунбиши алтернативии ҷумҳурихоҳ ва Тофиқ Ёқублу-муовини раиси Ҳизби Мусовот ё Баробарӣ барои ташкили эътироз ва шӯриш дар шаҳраки Исмоиллӣ моҳи феврал боздошт шуда буданд.

23 январ ҳазорон нафар дар Исмоиллӣ ба тазоҳурот баромаданд ва истеъфои раиси ноҳияро тақозо карданд. Эътирозгарон хонаву мошини вай ва меҳмонсароеро оташ заданд. Ёқублу ва Мамадов як рӯз баъд аз тазоҳурот ба Сакӣ омаданд ва аз эътирозгарон хостанд, ки ба ваъдаи мақомот бовар накунанд.

Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни мурофиа дар назди бинои додгоҳ 200 нафар гирдиҳам омадаанд. Рахел Денбер-муовини раиси Дидбони Ҳуқуқи Башар барои Аврупо ва Осиёи Миёна гуфт, ки Мамадов ва Ёқублу бояд бидуни таъхир аз боздошт раҳо шаванд.
XS
SM
MD
LG