Пайвандҳои дастрасӣ

Лукашенко ба сохтмони реакторҳои атомии Русия иҷоза дод


Александр Лукашенко

Александр Лукашенко

Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларусия фаромнеро имзо кардааст, ки сохтмони нахустин ниругоҳи ҳастаӣ дар қаламрави кишварро иҷоза медиҳад. Дар ин бора матбуоти Беларусия хабар додааст ва афзудааст, ки акнун роҳ барои Атомстройэкспорти Русия, ки бахше аз Росатом мебошад, боз шудааст ва метавонад корҳои сохтмониро оғоз кунад.

Ин ниругоҳ, ки дар наздикии марз бо Литва дар маҳале бо номи Астравиетс сохта мешавад, аз ду реактори Русия иборат хоҳад буд, ки метавонад 2,4 гигават нируи барқ тавлид кунад.

Реактори якум соли 1917 ва реактори дуввум соли 1918 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Русия барои сохтмони ин ниругоҳ мӯҳлати 10 миллиард доллар қарзро барои Беларус тамдид мекунад.
XS
SM
MD
LG