Пайвандҳои дастрасӣ

САҲА раъйдиҳӣ дар Митровитсаро беэътибор медонад


Митровитса, нозирони интихоботӣ ҳавзаро тарк мекунанд

Митровитса, нозирони интихоботӣ ҳавзаро тарк мекунанд

САҲА бар ин нукта ишора кард, ки натиҷаҳои интихоботи рӯзи якшанбе дар Митровитсаи шимолӣ ба назар гирифта намешавад, зеро мардони ниқобпӯш се ҳавзаи интихоботиро ғорат кардаанд. Мақомоти расмии интихоботии Косово ва нозирони САҲА баъд аз ин ҳамла ва шикастани қуттиҳо ва рабудани баргаҳои рай аз ҳавзаҳои интихоботӣ берун бурда шуданд. Дар Митровитсаи шимолӣ аслан сербҳо зиндагӣ мекунанд. Атифете Ҷаҳҷага-раиси ҷумҳури Косово гуфт, ки ҳангоми барқарор қардани қонун дар шимоли Косово “ба ин хушунат посухи ҷиддӣ” дода мешавад. Бидуни дар назардошти Митровитсаи шимолӣ ширкати райдиҳандагон дар қисматҳои дигари Косово 46 дарсадро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG