Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теледебати аввалину охирини номзадҳо


Шоми 4-уми ноябр нахустин бор баъд аз интихоботи президентии соли 1991, миёни номзадҳо ба ин мақом, мубоҳисаи телевизионӣ ё теледебат баргузор мешавад.
Ин мубоҳиса дар рӯзи охирини ташвиқу таблиғи номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад, ки он соати 19:30 дақиқаи шоми 4-уми ноябр тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон манзури бинандагон хоҳад шуд.

Тавре Ҳафиз Раҳмонӣ, муовини мудири Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мубоҳисаи қаблан сабтшуда тӯли ду соат давом мекунад ва дар барнома миёни номзадҳо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира сурат мегирад. Ба гуфтаи масъулони телевизион ин барнома бо пешниҳоди худи номзадҳо ва дархости КМИРТ таҳия шудааст.

Ин мубоҳиса бо ибтикори Куммиссиюни марказии интихобот ва райъпурсӣ ва бо пешниҳоди номзадҳо ба мақоми президентӣ доир мешавад.

Саидҷаъфар Исмонов, номзад аз ҳизби демократӣ рӯзи 4-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо кам будани ним соат вақти телевизон барои муаррифии барномаҳояшон, номзадҳо ба КМИРТ пешниҳод карданд, ки чунин мубоҳисаи телевизионӣ ташкил карда шавад, то суханони ногуфтаашонро баён кунанд. Ба гуфти ин номзад, онҳо дар ин мубоҳиса доир ба барномаҳои интихоботии худ сӯҳбат мекунанд.

Саидҷаъфар Исмонов гуфт, ки дар ин барномаи телевизионӣ маблағе пардохт накардаанд ва маблағи вақти телевизонро худи КМИР пардохт кардааст.
XS
SM
MD
LG