Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб: Хоҳиши ширкат ҳаст, даъватнома нест


Аксари сокинони шаҳри Кӯлоб аз масъулони қитъаҳои райъдиҳӣ хоҳиш кардаанд, то ба онҳо барои ширкаташон дар интихобот даъватнома ё хабарнома бидиҳанд.

Бо зикри ин нукта Икром Фозилов, раиси ҳавзаи интихоботии 45-и шаҳри Кӯлоб мегӯяд, солҳои тӯлонист, ки ҳангоми баргузории маъракаҳои интихоботӣ дар комиссияву қитъаҳои райъдиҳӣ масъулиятеро бар дӯш дорад, аммо дар ҳеҷ интихоботе ба мисли интихоботи навбатӣ мушоҳида накардааст, ки сокинон бо як дилгармии хос хосторӣ ширкат шуда бошанд.

Ҷаноби Фозилов мегӯяд, ҳарчанд, сокинон бидуни даъватнома ҳам метавонанд, дар интихобот ширкат кунанд, аммо онҳо «бо як эҳсоси масъулият» хоҳиш мекунанд, то ба номашон махсус даъватнома бинависанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи раиси ҳавза то имрӯз аллакай ба бештари сокинон хабарномаи барои ширкаташон дар интихобот дастрас шудааст.

Ҷаноби Фозилов гуфт: «Имрӯзҳо мардум эҳсос мекунад, ки ояндаи давлати мо аз ҳамин интихобот вобастагӣ дорад. Мо 7 сол роҳбарии давлатро ба шахсе медиҳем, ки аз ӯҳдаи беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум, некуаҳволӣ баромада тавонад. Мардум бо як ҳиси ватандӯстӣ, миллатдӯсти ва як масъулияти баланд омада изҳор медоранд, ки хоҳиши ширкат дар интихоботро доранд.»

Ҳавзаи интихоботии Кӯлоб-45, ки 55 қитъаи райъдиҳиро муттаҳид мекунад, беш аз 88 ҳазор интихобкунанда дорад. Вале тибқи иттилои расмӣ 6 ҳазор нафари он то кунун дар муҳоҷирати меҳнатианд ва бояд дар хориҷ аз кишвар райъ бидиҳанд. Зоҳиран, бештари ҳамсӯҳбатони мо низ дар хиёбонҳои Кӯлоб ширкат дар интихоботро барои худ ҳатмӣ медонистанд. Раҷабгул Мӯсоева, як сокини Кӯлоб мегӯяд, воқеан, ӯ аз як ҳамсояаашон, ки дар қитъаи райъдиҳӣ масъул аст, хоҳиш кардааст, то барояш даъватнома биёранд. Ӯ мегӯяд, рӯзи интихоботро истироҳат эълон кардаанд ва ӯ ҳатман ба қитъаи райдиҳӣ барои овоздиҳӣ хоҳад рафт.

«Ба мо аллакай аз мактаби рақами 8-и шаҳри Кӯлоб даъватнома оварданд, ки дар интихобот иштирок кунем. Ман ягон номзадро намешиносам ва мехоҳам, ки боз ҳамин президенти худамон президент шавад. Барои ҳамин рафта ба ӯ овоз медиҳам,» - гуфт Раҷабгул Мӯсоева.

Дар ҳамин ҳол, Назар Қобилов, сокини дигари Кӯлоб мегӯяд, то ҳанӯз ӯ хабарномае барои ширкат дар интихобот нагирифтааст ва дар талоши гирифтани он ҳам нест. Аммо ӯ мегӯяд: «Албатта, 150 фоиз дар интихобот иштирок карданиам. Ба он хотире, ки президенти арзандаи худро бояд интихоб кунам. Нафареро интихоб кардан даркор аст, ки Тоҷикистонро бояд гул-гул бишукфонад ва обод кунад.»

Гул Мерганова, сокини деҳаи Пистамазори Кӯлоб мегӯяд, ӯ бинобар бемордор буданаш наметавонад, дар интихобот ширкат кунад, аммо ба пайвандонаш мегӯяд, то аз номи ӯ овоз диҳанд. «Иштирок карда наметавонам. Барои гирифтани нафақа ба шаҳр омадам, аммо гирифта натавонистам. Вакили деҳаамон пештар шиносномаҳоямонро ҷамъ карда буд ва мо гуфтем, ки ба Эмомалӣ овоз медиҳем. Лекин дигар ба интихобот рафта наметавонем,» - гуфт Мерганов.

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки ба кӣ овоз доданашонро намехоҳанд, ифшо кунанд. Аммо бештари мардум ба назар мерасад, ки дар қибол ба як моҳи пеш дар бораи баргузории интихобот огаҳии зиёдтар доранд. Ҳарчанд, онҳо ба ҷуз номзади ҲХДТ дигар номзадеро намешиносанд.

Лутфулло Шокиров, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, воқеан, пас аз оне, ки ҳеҷ рақиби ҷиддие дар баробари Эмомалӣ Раҳмон пайдо нашуд, шабакаҳои давлатӣ тарғиботӣ ҷиддиеро дар робита ба интихобот ба роҳ монданд, ки аксари мардум аз ин маърака то ҷое огоҳӣ пайдо кард.

«Дар интихоботи соли 2006 чунин тарғибот дар шабакаҳои давлатӣ набуд. Ҳоло телевизионҳои давлатӣ воқеан, тарғиби хуб бурданд ва мардум огоҳӣ пайдо кард. Пас аз оне, ки маълум шуд, ки агар сад тарғиб ҳам бубаранд, ба ҷуз номзади ҳизби ҳокими ҲХДТ касе дигар пирӯз намешавад. Огоҳии мардум ҳам аз ҳамин аст, ки ҳамаи шабакаҳо шабонарӯзӣ дар бораи интихобот сӯҳбат мекунанд,» - афзуд Лутфулло Шокиров.

Қарор аст, рӯзи 6-уми ноябр дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ бо ширкати 6 номзад баргузор шавад. Аз ҳоло коршиносон бо такя ба далелҳои зиёд ба пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунӣ ва номзади ҲХДТ ишора мекунанд, ки барои бори чорум дар интихобот иштирок мекунад.
XS
SM
MD
LG