Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулнора Каримова: Президентҳоро бояд халқ интихоб кунад

Гулнора Каримова мегӯяд, ҳаргиз масъалаи президентиро матраҳ накардааст ва ин соҳаи мардҳои қавиест, ки халқ интихобашон карда бошад.

Ширкату бунёду намоишгоҳҳои Гулнора Каримова ё аз дасташ рафтаанд ва ё аз кор афтодаанд ва ягона ҷойе, ки ӯ дар он ҳокимияти тамом дорад, Tweeter аст.

Салтанати Гулнора Каримова маҳдуд ба Tweeter шудааст

Ба қавли расонаҳо ва коршиносон, сар аз 20-уми октябр аксари иншооти марбут ба Гулнора Каримова -- духтари раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов мавриди тафтишу бозрасӣ қарор гирифта, ҳисоби бонкии аксари онҳо ва ҳам бинои қаҳвахонаю ресторанҳо, чаҳор шабакаи радио ва телевизионии ӯ баста шудаанд. Ҷашнворае, ки ӯ ахиран баргузор кард, аз сафҳаи рӯзномаву маҷаллаҳо афтод ва бе сарусадо ба поён расид.

Акнун ягона ҷойе, ки 24 соат Гулнора Каримова дар он ҳузур дорад, шабакаи иҷтимоии Твиттер аст, ки пештар ҳам ба ҳайси яке аз сарчашмаҳои нашри ахбори марбут ба ӯ истифода мешуд. Дунбол кардани микроблоги ӯ хабарҳои ҷолиберо расонаӣ мекунад ва шояд сабаби асосии ҳадафи фишор қарор гирифтанаш ҳам дар ҳамиин ҷо рӯшӯан гардад.
14:23 4.11.2013
Ниҳоят корбарони Твиттер бо назардошти рӯйдодҳои ахир аз Гулнора Каримова суоли ошкоро кардаанд, ки оё орзуи инро дорад, ки ба курсии президентии Узбакистон биншинад?

Гулнора Каримова дар посух гуфтааст, ба ин Иноятов (раиси Хадамоти Амнияти Миллии Узбакистон ё СНБ Рустам Иноятов) роҳ нахоҳад дод.
14:16 4.11.2013
Нафари дигар дар посух аз мунаққидон даст ба ҳимояи Гулнора мезанад:

14:13 4.11.2013
Твитнависи дигар, зоҳиран изҳории таассуф мекунад, ки бисёриҳо дар баробари бадӣ хомӯш меистанд.

14:09 4.11.2013
Афроди гуногуне ба воситаи Твиттер аз рӯйдодҳои марбут ба Гулнора изҳори нигаронӣ мекунанд ва ба ҳар шакле ҳимояти худро аз ӯ баён медоранд.

Нафари бо номак ё хештеги @bobaferganskiy твит кардааст, ки @GulnaraKarimova-ро бисёр дӯст медорад ва ӯро ба Фарғона даъват мекунад. "Фарғона хеле дигар шудааст. Шаҳр то рафт зеботар мешавад."

Ба ин паём, Гулнора Каримова наздик ба 20 посух додааст:

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG