Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таблиғу ташвиқи номзадҳо ба охир мерасад


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷиистон мегӯяд, ки таърихи 4-уми ноябр охирин рӯзи ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ мебошад. Абдуманнон Додоев, раиси Дастгоҳи КМИР рӯзи 4 ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки марҳилаи таблиғу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии 6 номзад ба курсии раёсатиҷумҳурӣ дар соати 12-и имшаб ба охир мерасад. Пас аз он ҳеҷ номзад ва шахси боэътимоди онҳо ҳақ надорад на дар кадом рузнома ё расона ва телевизион ташвиқ кунад. Ба гуфтаи оқои Додоев, КМИР имрӯз имкон фароҳам овард, ки то соати 12-и шаб ҳар номзад метавонад ба таври мустақилона ва дар ҳар куҷои кишвар мулоқоту суолу ҷавоб бо мардум анҷом диҳад, комиссияҳои ҳавзаҳои ҳамаи даъватномаҳоро ба минтақаҳои раъй таҳсим карданд ва кишвар комилан ба интихоботи президентӣ омода аст. Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6-ум ноябр баргузор мешавад ва дар он шаш номзад бо ҳам сабқат мекунанд.
XS
SM
MD
LG