Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ:Амрико дӯст ва ҳампаймони Миср аст


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи якшанбе дар Қоҳира бо ҳамтои мисрияш Набил Фаҳмӣ музокирот анҷом дод. Ин нахустин сафари Ҷон Керрӣ ба Миср баъди барканории раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ дар чаҳор моҳи пеш аст.

Вазири умури хориҷии Амрико дар нишасти хабарии муштарак бо Набил Фаҳмӣ аз мардуми Миср даъват намуд, ки ислоҳоти демократиро идома диҳанд. Ӯ афзуд, ки Амрико дӯсту ҳампаймони Миср аст ва мехоҳад ба ин кишвар кӯмак намояд.

Сафари Ҷон Керрӣ ба Қоҳира дар арафаи мурофиаи додгоҳии Муҳаммад Мурсӣ, ки дар таҳрик барои куштори эътирозгарон дар канори Кохи раёсатҷумҳурӣ дар тақрибан як соли пеш айбдор мешаад, шурӯъ шуд.

Аз ин пеш Вошингтон бархе аз кӯмаки ҳамасолаи худ ба маблағи 1,5 миллиард долларро бо далели адами пешрафти демократӣ ва хушунат алайҳи ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ мунҷамид карда буд.

Ҷон Керрӣ дар ҷараёни сафари нӯҳрӯзааш ба минтақа ҳамчунин аз Арабистони Саудӣ, Исроил, Урдун ва Алҷазоир дидан мекунанд.
XS
SM
MD
LG