Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду бангладешии муқими Бритониё ва ИМА ба эъдом маҳкум шуданд


Эътирозҳо алайҳи ҳукми додгоҳи низомӣ саркӯб мешаванд
Эътирозҳо алайҳи ҳукми додгоҳи низомӣ саркӯб мешаванд
Додгоҳи махсуси низомии Бангладеш ду шаҳрванди кишварро, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, барои ҷиноёт алайҳи башарият замони ҷанг бо Покистон барои истиқлоли Бангладеш дар ғайбашон ба эъдом маҳкум кард.

Яке аз онҳо – раҳбари ҷамъияти мусалмонҳои Бритониёву Бангладеш Чоудрӣ Муин Уддин дар Лондон ва дигарӣ – Ашрафуззамон дар Ню-Йорк ба сар мебаранд. Онҳо дар рабудан ва куштори 18 нафар – нӯҳ устоди донишгоҳ, шаш хабарнигор ва се табиб дар моҳи декабри соли 1971 айбдор шуданд.

Ҳукмҳое шабеҳи ҳукми ахир моҳҳои ахир боиси эътирозҳои хушунатбор дар Бангладеш мегарданд.

Мақомоти Бангладеш мегӯянд, ки сарбозони покистонӣ ва ҳамдастони маҳаллии онҳо ҳангоми ҷанг барои истиқлол дар соли 1971 тақрибан се миллион нафарро кушта, ба номуси тақрибан дусад ҳазор зан таҷовуз кардаанд.
XS
SM
MD
LG