Пайвандҳои дастрасӣ

Порис хабари қатли хабарнигорони RFI-ро тасдиқ кард


Вазорати умури хориҷии Фаронса хабари кушта шудани ду хабарнигори фаронсавиро дар шимоли Малӣ тасдиқ кард. Хабарнигорони Radio France Internationale (RFI) Гилен Дюпон ва Клод Верион субҳи рӯзи шанбе дар шаҳри Кидал аз сӯи афроди мусаллаҳ рабуда ва баъдан эъдом шуданд.

Вазорат дар ин бора бо такя ба иттилои волии минтақаи Тинзаватен Поль-Мари Сидибе ва намояндаи нерӯҳои амниятии Малӣ хабар додааст. Ин иттилоъро манбаъҳо дар Ҷунбиши миллӣ барои озодии Озовада, як созмони ҷудоихоҳи таворуқҳои муқими шимоли Малӣ, низ тайид намуданд.

Нашрияи Le Monde бо такя ба гуфтаҳои волӣ Сидибе менависад, ки чанд дақиқа баъд аз думболагирии одамрабоён, ҷасадҳои хабарнигорони фаронсавӣ бо изи тир дар даҳкилометрии шаҳр ошкор шуданд.

Мири шаҳри Кидал Адам Камиссоко қаблан гуфта буд, ки одамрабоён чаҳор нафар ва савори мошини Toyota буданд. Онҳо Дюпон ва Верионро дар назди манзили Амбейри Аг Гисса, яке аз раҳбарони таворуқҳо рабуданд.

Хабарнигорони радиои байнулмилалии Фаронса бори дуввум ба Кидал омада буданд – аз ин пеш моҳи июл онҳо инъикоси даври аввали интихоботи президентӣ вориди ин шаҳр шуда буданд.
XS
SM
MD
LG