Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 дар шаҳри Тошканд ширкат хоҳад кард.

Бозиҳои мусобиқоти минтақаи Осиёи Марказӣ аз 5-ум то 7-уми ноябр дар маҷмааи варзишии “Узбакистон”-и Тошканд баргузор мешаванд. Дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон рақобат мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро 5-уми ноябр муқобили дастаи Қирғизистон анҷом медиҳад. Баъдан футболбозони тоҷик 6-уми ноябр бо мунтахаби Узбакистон ва 7-уми ноябр бо дастаи Туркманистон бозӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки аз ин гурӯҳ се даста ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 роҳхат мегиранд.

Ба иттилои Дамир Камолиддинов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон, мунтахаби кишвар, ки ҷамъомади таълимиву тамриниро дар урдугоҳи шаҳри Қайроққум анҷом дод, рӯзи якшанбеи 3-юми ноябр ба Тошканд сафар мекунад. Вай афзуд, «ҳайати даста аз 19 нафар, аз он ҷумла 14 футболбоз иборат аст. Мақсади мо ба даст овардани роҳхат ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот мебошад ва мо тамоми қувваамонро баҳри иҷрои ин вазифа равона мекунем.»

Ёдовар мешавем, ки марҳалаи ниҳоии мусобиқоти соли гузашта дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда буд. Мунтахаби Ҷопон қаҳрамони феълии Осиё мебошад.

Тақвими бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 оид ба футзал дар гурӯҳи «А» (Минтақаи Осиёи Марказӣ):

Даври 1-ум
5-уми ноябр (сешанбе)
16:00 – Қирғизистон - Тоҷикистон
19:00 – Узбакистон - Туркманистон

Даври 2-юм
6-уми ноябр (чоршанбе)
16:00 – Туркманистон - Қирғизистон
19:00 – Тоҷикистон - Узбакистон

Даври 3-юм
7-уми ноябр (панҷшанбе)
16:00 – Тоҷикистон - Туркманистон
19:00 – Узбакистон - Қирғизистон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG