Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таътили ғайрирасмии бозорҳо барои интихобот


Тоҷирони Душанбе мегӯянд, маъмуриятҳои бозор онҳоро огоҳ сохтанд, ки харидуфурӯш се рӯз таътил хоҳадшуд.

Гуфта мешавад ин таътил як рӯз қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва ҳамчунин як рӯз баъд аз ин маърака хоҳад шуд.

Шоҳин Қаландаров, як тоҷири яклухтфӯруши бозори Корвон дар Душанбе дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт: «маъмурияти бозор ба мо хабар дод, ки аз рӯзи 5-ум то 7-уми ноябр бозор маҳкам мешавад. Тавре ба мо гуфтанд тамоми бозорҳо дар ин муддат фаъолият намекунанд, ба ҷуз аз мағозаҳои хӯрокворӣ».

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд\. маъмурони бозор сабаби ин гуна таътили барояшон тулониро шарҳ надоданд, вале вай афзуд, аксарият дар бозор ба ин назаранд, ки баста шудани бозор ба ин муддат ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар таърихи 6-уми ноябр бастагӣ дорад.

Дар сӯҳбатҳои алоҳида тоҷирони бозори маҳсулоти сохтмонии "Султони кабир" ва либосфурӯши «Ганҷинаву» «Панҷшер» ва «Сафариён» ҳам тасдиқ карданд, ки дар кори ин бозорҳо низ ҳадди ақал се рӯз таътил эълон шудааст.

Дар Душанбе маҳз ба ҳамин шева кори марказҳои дилхушӣ низ то гузаштани интихобот таътил эълон шудааст. Тавре аз маъмурияти бошгоҳҳои шабонаи «Манҳеттен» ва «VIP» ба «Озодӣ» гуфтанд, кори ин марказҳои дилхушӣ ҳануз аз 28-уми октябр қатъ шудааст ва онҳо умед доранд, ки пас аз гузаштани интихобот кори онҳо дубора иҷозат дода шавад.

Дар ҳаминҳол Сайфулло Амонов, роҳбари раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, шаҳрдори ба бозорхои коммуналии Душанбе, мисли "Шохмансур", "Саховат", "Дехкон", "Карияи боло" ва филиалхои онхо дар махаллахои Яккачинору 33 супориш додааст, ки хар руз ва дар рузи интихобот - 6 ноябр низ фаъолият намоянд. Танхо рузи 7 ноябр - рузи санитари эьлон шудааст. Вай афзуд: «бозори ғайри хӯрока аслан хусусӣ ҳастанд ва мо ҳеҷ яке аз онҳоро маҷбур накардаем, ки таътил эълон кунанд. Ин ба салоҳияти худи онҳо аст. Аммо бозорҳои хӯрокворӣ ҳатман кор мекунанд, то норасоии хӯрок ба вуҷуд наояд. Ҳатто дар рӯзи интихобот ҳам қарор аст: тоҷирон ба навбат рафта овоздиҳанду омада корашонро давом диҳанд».

Аммо чанде аз харидорони бозори Корвон, ки бо мо ҳамсуҳбат шуданд, мегӯянд бо шунидани хабари таътил дар кори бозорҳо онҳо зуд сӯи он шитофтанд ва осемасар ашёи заруриашонро мехаранд.

Зулфия, як хонум дар бозори Корвон, ки машғули хариди ҷиҳози туйи бародара шбуд дар суҳбат ба «Озодӣ» гуфт: «имрӯз аслан бозор омадани набудам. Аммо чун фаҳмидам дар кори бозор то интихобот таътил мешавад ин ҷо омадам. Чун харидорон баъди шунидани ин хабар ҳама ба бозор омададанд тоҷирон ҳам ҳамачизро қиммат кардаанд».

Хонум Зулфия мегӯяд ин таътили ғайриинтизори бозорҳо барои онҳо мушкил эҷод кардааст. Чунки бисёре аз ҷиҳози туйи бародараш то ҳол нохарида боқӣ мондааст.
Бояд гуфт, мутаваққиф кардани кори клубҳо ё бошгоҳҳои шабона ва ҳатто бозорҳо дар арафаи интихобот дар гузашта дар Тоҷикистон собиқа надоштааст. Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, мақомот дар бозорҳо, ки ҷойи ҷамъшавии мардум аст як навъ манбаи хавфро мебинанд ва за ин ру дар кори онҳо ба таври ғайрирасмӣ таътил эълон кардаанд.
XS
SM
MD
LG