Пайвандҳои дастрасӣ

Толибони Покистон ба ҷойи Маҳсуд раҳбари нав ёфтанд


Хон Саид Сайна

Хон Саид Сайна

Исломобод дар робита ба куштори раҳбари пешини Таҳрики Толибони Покистон аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишин ба ИМА эътироз кард.

Рӯзи шанбе сафири ИМА дар Исломобод ба вазорати умури хориҷии Покистон эҳзор шуд.Дар изҳороти расмии ҳукумати Покистон гуфта шудааст, ки ҳалокати Ҳакимуллоҳ Маҳсуд талошҳои Исломобод барои таъмини сулҳу субот дар минтақаро ба ҳам мезаданд.

Аз ин пеш вазири умури дохилӣ ва назорат аз болои маводи мухаддири Покистон Чадрӣ Нисор Алӣ Хон Амрикоро дар латма задан ба музокироти сулҳ бо Толибон айбдор намуд. Вазир афзуд, ки дар робита ба ин ҳодиса ҳама бахшҳои ҳамкорӣ бо ИМА бознигарӣ хоҳанд шуд

Аз ин пеш, ба иттилои Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, дар як ҷаласаи махфии фармондеҳони Таҳрики Толибони Покистон дар як мавзеи Вазиристони Шимолӣ, минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон, Хон Саид Сайнаро раҳбари нави гурӯҳ эълон карданд.

Раҳбари пешини Таҳрики Толибони Покистон Ҳакимуллоҳ Маҳсуд рӯзи ҷумъа бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин кушта шуд. Бар пояи бархе хабарҳо, рӯзи шанбе дар шаҳри Мироншоҳ маросими ҷанозаи ӯ баргузор гардид. Хабари кушта шудани Маҳсудро шоми рӯзи ҷумъа Толибон ҳам тайид карданд. Таҳрики Толибони Покистон, сарпарасти гурӯҳҳои тундрави Покистон буда аз шарикони гурӯҳи Толибони Афғонистон маҳсуб мешавад.

Ҳакимуллоҳ Маҳсуд

Ҳакимуллоҳ Маҳсуд

Қабл аз хабари кушта шудани Маҳсуд манобеъи амниятӣ дар Покистон гуфтанд, ки ҳавопаймои бесарнишин ба қароргоҳи тундравон дар рустои Данда Дарпахел, дар наздикии шаҳри Мироншоҳ, зарба задааст ва ин зарба мунҷар ба ҳалокати дасти кам чаҳор нафар шудааст. Ба гузориши Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, ибтидо хабар дода мешуд, ки ронандаи Ҳакимулло Маҳсуд ва муҳофизи ӯ дар ҳамла ба ҳалокат расидаанд.

Ҳакимуллоҳ Маҳсуд моҳи августи соли 2009 баъд аз ҳалокати раҳбари пешинии Таҳрики Толибони Покистони аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ раҳбари гурӯҳ интихоб шуда буд.

Хон Саид Сайна аз созмондиҳандагони ҳамла ба як маҳбаси воқеъ дар шимолу ғарби Покистон дар соли 2012 аст – он вақт тақрибан чаҳорсад маҳбус, аз ҷумла, чанд фармондеҳи Толибон аз зиндон фирор карданд. Ӯ ҳамчунин ба чанд ҳамлаи дигар, аз ҷумла, ба пойгоҳи ҳарбиву баҳрӣ дар шаҳри Карочӣ дар соли 2011 даст дорад.
XS
SM
MD
LG