Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3-юми ноябр - бозиҳои даври 19-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


Рӯзи якшанбе, 3-юми ноябр, бозиҳои даври 19-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дастаҳое, ки барои унвони қаҳрамонӣ талош доранд, бозиҳоро дар меҳмонӣ анҷом медиҳанд. “Равшан”-и Кӯлоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо “Парвоз” ва “Истиқлол”-и Душанбе дар шаҳри Ваҳдат бо “Хайр” рақобат мекунанд.

Дар ду бозии дигар “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва ССКА “Помир”-и Душанбе бо дастаи меҳмон – “Истаравшан”-и Истаравшан” вориди рақобат мешаванд.

Дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан”, ки 37-имтиёзӣ гирифтаанд, пешсафанд. Вале футболбозони Кӯлоб ду бозӣ камтар кардаанд. Ба “Равшан” барои бори дувум ва паиҳам ба даст овардани медалҳои тиллои мусобиқот дар 5 панҷ бозии боқимонда 9 имтиёз гирифтан кофист. Барои медалҳои биринҷӣ “Хайр” ва “Регар-ТадАЗ” талош доранд.

Даври 19-ум
3-юми ноябр, якшанбе. Оғози бозиҳо – соати 14.00

«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе). Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «РАВШАН» (Кӯлоб). Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - ИСТАРАВШАН» (Истаравшан). Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Истиқлол» 15 12 1 2 43-6 37
2. «Равшан» 13 12 1 0 22-4 37
3. «Хайр» 15 8 5 2 24-14 29
4. «Регар-ТадАЗ» 14 7 2 5 19-16 23
5. «Хуҷанд» 15 4 5 6 14-18 17
6. «Энергетик» 15 4 4 7 13-19 16
7. «Парвоз» 14 3 5 6 11-26 14
8. «Вахш» 14 3 3 8 8-14 12
9. ССКА «Помир» 13 1 4 8 7-17 7
10. «Истаравшан» 13 1 2 10 8-33 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / “Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб, Александр Кудряшов (“Истиқлол”), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Ҳасан Рустамов (“Равшан”) – 6-тӯбӣ, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5 тӯб.
XS
SM
MD
LG