Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси Русия ҳифзи тартибот дар интихоботро ба дӯш гирифт


Вазорати умури дохилии Русия барои таъмини тартибот дар раванди омодагиҳо ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав ва боз 23 шаҳри кишвар изҳори омодагӣ кардааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммад Эгамзод хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, мавзӯи таъмини амнияту тартибот дар рӯзи раъйдиҳӣ дар интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи шанбе дар мулоқоти мушовири сафири Тоҷикистон Толиббой Юнусов ва раиси шӯъбаи ҳифзи намояндагиҳои дипломатии вазорати умури дохилии Русия полковник Олег Казантсев баррасӣ шуд.

Ҷаноби Казантсев гуфт, раҳбарияти вазорат ба ҳамаи 24 минтақае, ки он ҷо қитъаҳои интихоботӣ оид боз мешаванд, дастури таъмини тартибот дода шудааст.

Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, қитъаҳои интихоботӣ дар Русия рӯзи 6 ноябр аз соати 6-и субҳ бо 8-и шаб ба вақти маҳаллӣ боз хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG