Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Петербург раҳпаймоӣ алайҳи адоват баргузор шуд


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия раҳпаймоӣ алайҳи адовату бадбинӣ баргузор шуд. Ба иттилои хабаргузории Интерфакс, дар ин раҳпаймоӣ, ки аз сӯи эътилофи “Петербурги демократӣ” созмон дода шудааст, тақрибан 150 нафар ширкат доштанд. Ба ин эътилоф ҳудуди 20 созмону ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва бахшҳои минтақаии аҳзоби сиёсӣ шомиланд.

Имсол раҳпаймоӣ зери шиори “Русия бидуни тахрибкорӣ” гузашт ва ба гуфтаи созмондиҳандагон, посух ба ҳаводиси ахир дар минтақаи Бирёловои Маскав буд.

Гирдиҳамомадагон алайҳи поймолсозии ҳуқуқҳои одамон аз рӯи қавму миллату дин ва ҷинсият шиор мепартофтанд.

Дар раҳпаймоӣ ҳамчунин барои маъракаи ҷамъоварии маблағ барои фаъолияти эътилоф ва маҳбусони сиёсӣ сурат гирифт.

"Раҳпаймоӣ алайҳи адоват" дар шаҳри Санкт-Петербург аз соли 2004 ба ин сӯ, ба ёди ҳомии ҳуқуқи башар Николай Гиренко, ки аз сӯи фашистҳои рус кушта шудааст, баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG