Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавзеҳи полиси Лос-Анҷелес дар бораи ҳамла ба фурудгоҳ


Намояндагони полиси Лос-Анҷелеси ИМА дар ташреҳи як ҳамла дар фурудгоҳи байнулмилалии шаҳ ри Лос-Анҷелеси ИМА гуфтанд, ки ҳамлагари 23-сола Пол Сиансия, сокини аёлати Ню-Ҷерсӣ, дар танҳоӣ амал мекард. Онҳо тайид карданд, ки дар ин ҳодиса як нафар кушта ва шаш нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Бар пояи тафтишоти муқаддамотӣ, Пол Сиансия дар даст туфанги нимаавтоматӣ дошт ва ба бинои фурудгоҳ ворид шуда, оташ кушодааст. Як корманди раёсати федеролии амниятӣ дар нақлиёт кушта шуд ва як ҳамкори ӯ аз пояш ҷароҳат бардошт. Чанд тан аз мусофирон ҳам маҷрӯҳ шуданд ва панҷ нафари онҳо ба бемористони интиқол ёфтанд. Вазъи яке аз осебдидагон вахим арзёбӣ мешавад.

Баъд аз тирандозии кӯтоҳ муҳофизон муваффақ шуданд, ки ҳамлагаро дастгир кунанд. Ба иттилои ғайрирасмӣ, Пол Сиансия ҳам ҷароҳат бардоштааст.
Ҳама парвозҳо дар фурудгоҳи Лос-Анҷелес то хатми кори гурӯҳи тафтишотӣ мутаваққиф шудаанд. Ҳамчунин барои чанд соат шоҳроҳе, ки сӯи фурудгоҳ мебурд, баста шуд.

Дар иттилои дафтари матбуоти Кохи Сафед, дар бораи ин ҳодиса ба раисиҷумҳур Барак Обама хабар дода шуд.
XS
SM
MD
LG