Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон кушта шудани Маҳсудро тайид карданд


Ҳайати фармондеҳии Таҳрики Толибони Покистон имрӯз бояд номи раҳбари нави ин гурӯҳро эълон кунад. Ҳамчунин қарор аст, ки рӯзи шанбе дар шаҳри Мироншоҳ маросими ҷанозаи Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, раҳбари кушташудаи Таҳрики Толибони Покистон баргузор шавад. Хабари ҳалокати Маҳсудро рӯзи шанбе худи Толибон тайид карданд.

Ҳакимуллоҳ Маҳсуд, рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар вилояти Вазиристони Шимолӣ кушта шуд. Таҳрики Толибони Покистон, сарпарасти гурӯҳҳои тундрави Покистон буда аз шарикони гурӯҳи Толибони Афғонистон маҳсуб мешавад.

Қабл аз хабари кушта шудани Маҳсуд манобеъи амниятӣ дар Покистон гуфтанд, ки ҳавопаймои бесарнишин ба қароргоҳи тундравон дар рустои Данда Дарпахел, дар наздикии шаҳри Мироншоҳ, зарба задааст ва ин зарба мунҷар ба ҳалокати дасти кам чаҳор нафар шудааст. Ба гузориши Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, ибтидо хабар дода мешуд, ки ронандаи Ҳакимулло Маҳсуд ва муҳофизи ӯ дар ҳамла ба ҳалокат расидаанд.

Дар робита ба ҳалокати Ҳакимуллоҳ Маҳсуд на мақомоти амрикоӣ ва на ҳукумати Покистон изҳорот нашр накардаанд.

Ҳакимуллоҳ Маҳсуд моҳи августи соли 2009 баъд аз ҳалокати раҳбари пешинии Таҳрики Толибони Покистони аз зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ раҳбари гурӯҳ интихоб шуда буд.
XS
SM
MD
LG