Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

И. Талбаков: "Рӯзи иди каду... 10 дақиқа баромад мекунам,тамом"


Ба бовари коршиносон номзадҳо бамақоми президентӣ дар нуқтаи авҷи мулоқоти худ бо интихобкунандагон дар Хоруғ далертар сӯҳбат карданд.

Олимҷон Бобоев, номзад ба маснади президентӣ аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ вазъи иқтисодии кившарро ваҳим арзёбӣ намуда, гуфт, ки нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ҳатто дар қиёс бо дигар ҳамсоякишвар, ба мисли Қирғизистон дувуним маротиба поинтар будаст.

Ба қавли номзад агар ҷумҳуриамон бо суръати мавҷуди афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пеш равад, бароямон 10 сол лозим меояд, ки ба сатҳи кишвари ҳамҷаворамон бирасем. Аз ин лиҳоз ба бовари оқои Бобоев танҳо ислоҳоти инқилобии иқтисодӣ ва босуръат пешрафти кишварамонро таъмин карда метавонад, ки дар он афзоиши ММД солона бояд аз 15 -17 дар сад камтар набошад.

Ба гуфтаи номзад сиёсати нодурусти қарзҳои бонкӣ ва дигар монеаҳои бюрократӣ боис шудаст, ки дар ҷумҳурӣ тайи солҳои охир бештар аз 18 ҳазор соҳибкор бинобар муфлисшавӣ фаъолияташонро қатъ кардаанд.

Оқои Бобоев афзуд, ки ҳизби онҳо ҷонибдори бунёди нерӯгоҳҳои пуриқтидор буда, танҳо бо ин васила истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисодиро таъмин намудан имконпазир мешуморад.

Дар ҳамин ҳол номзад ба мақоми президентӣ аз ҳизби коммунист Исмоли Талбаков изҳор дошт, ки дар сурати президент инхихоб шудани вай, президент танҳо ба масолили глобалӣ сару кор мегрираду корҳои хоҷагидорӣ ва дигар масоилро пурра бар дӯши ҳукумат бор мекунад. Дар сурати президент шудани оқои Талбаков ба вазирҳое, ки зиёда аз 5 сол курсиро банд мекунанд, хавфи сабукдӯш шудан таҳдид мекунад. Вай афзуд намегузорад, ки дар вазорату кумитаҳо муносибатҳои хешутаборӣ ҷой дошта бошанд. «Яъне набояд ба бачааш, додараш, занаш, хешу табораш мансаб диҳад. Яъне ба дигарҳо ҳам имконият дода шавад, ки дар ин вазифаҳо кор кунанд ва масуълиятро ҳис кунанд.»

Оқои Талбаков ваъда дод, ки агар интихоб шавад, базму тамошо ва дигар чорабиниҳо, ки ба гуфтаи вай барои баргузории онҳо миллионҳо сомонӣ барбод меравад, ба хонаҳо мекӯчанд ва маблағи сарфашударо барои рушди иқтисодиёт равона мекунад. Вай баён кард, ки аз тариқи телевизион «рӯзи ваҳдат, наврӯз, иди меҳргон, иди каду 10 дақиқа табрикатон мекунам, дигар ихтиёратон.»

Номзади коммунистҳо Русия, Чин ва Иттиҳодияи Аврупоро аз шарикони асосӣ муносибатҳои байналмиллалӣ хонада, ҳамзамон афзоиши шаҳвандони чинро дар кишвар таҳдид ба генофонди миллат мешуморад. Ҷаноби Талбаков аз муҳоҷирати зиёд ва дар баъзе маҳаллаҳо кам мондани мардҳо изҳори нигаронӣ карда гуфт, дар чунин ҳолат чиниҳои коргар зиёд мешаванд ва метаонвд ба генофонди миллат таъсири ҷиддӣ расонад.

Бештари ҳозирин ба суханони номзад аз ҳизби коммунист каф мекӯфтанд, вале иддае гуфтанд, ки онҳо дар сиом оқои Талбаков назири жириновскийи тоҷикро диданд.

Вале номзад аз ҳизби аграрӣ Толиббек Бухориев, гуфт, ки занон ба корҳои беҳтаре ба ғайр аз пахтачинӣ ва алафдаравӣ шоиста ҳастанд ва ҳизби онҳо барои корёб намудани занон талоши бештаре ба харҷ медиҳад. Вай ҳамчунин баробар намудани имкониятҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳру деҳот, ба интихобкунандагон ваъда дода гуфт, ки дар сурати рирӯз шудани вай маҳсулоти кишоварзии ширу тухм ва гӯштро арзон мекунад. Зеро ба қавли номзад, айни ҳол бинобар камбуди ин навъи маҳсулоти кишоварзӣ шаҳрвандони кишвар аз лиҳози ғизоноки маводи истеъмолӣ аз сокинони дигар кишварҳо қафо монданд.

Дар ҳамин ҳол номзадҳо ба мажоми президентӣ аз аҳзоби сотсиалист ва демократ аз имкони мулоқот бо интихобкунандагон дар ВМКБ маҳрум монда, маълум нест, ки оё ин номзадҳо дар Хоруғ ба интихобкунандагон чӣ гуфтание доштанд?

Ба иттилои як манбаъ дар мақомот номзад аз ҳизби сотсиалист оқои Абдуҳалим Ғаффоров бинобар беморӣ аз сафар ба ин минтақаи кӯҳистонӣ худдорӣ варзидааст. Аммо нақшаи КМИР монеи мулоқоти номзад аз ҲДТ бо интихобкунандагон дар Бадахшон гардидааст. Саидҷаъфар Исмонов, роҳбари ҳизби демократӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба ин манбаъ гуфтааст, ки ҳаводори мулоқот бо интихобкунандагон дар Хоруғ будааст. Аммо хоҳиш ва исрори номзади коммунистонро, ки мехост, дар зодгоҳи Шодӣ Шабдолов, роҳбари комунистони Тоҷикистон бо мардум мулоқот дошта бошад, ба назар гирифта, ба нақшаи КМИР оиди таъини мулоқоташон дар ин рӯзҳо дар манотиқи дигари ҷумҳурӣ ризоият додааст.
XS
SM
MD
LG