Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар фурудгоҳи Лос Анҷелес як нафарро куштанд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар тирандозии як фарди мусаллаҳ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Лос Анҷелеси Амрико, як маъмури амниятӣ кушта ва 7 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳодиса рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ пайваст ва фарди тирандозро боздошт кардаанд. Патрик Ганнон, сардори пулиси фурудгоҳ дар ин бора гуфт: "Як шахс ба терминали рақами 3 омада, туфанги автоматиашро аз сумкааш кашида ва дар ин терминал ба тирандозӣ шурӯъ кард."
Сухангӯи Хадамоти Давлатии Таъмини Амният дар фурудгоҳҳои Амрико гуфт, ки дар ин ҳодиса як корманди ин ниҳод кушта ва як нафари дигараш захмӣ шудааст. Ҳангоми ин ҳодиса тамоми парвозҳо аз фурудгоҳи Лос Анҷелесро муттавақиф карданд.
XS
SM
MD
LG