Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Олмон омодаи гуфтугӯ бо Сноуден ҳастанд


Вазири умури дохилии Олмон мегӯяд, мақомоти кишвараш омодаанд, масъалаи ҷосусии маъмурони амниятии Амрико аз паси Ангела Меркел, садри аъзами Олмонро бо Эдвард Сноуден баррасӣ кунанд. Ҳан Питер Фредерих рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, агар “Сноуден мехоҳад ба мо иттилоъ бидиҳад, мо онро бо майли том мепазирем.” Кристиан Штробел, як вакили порлумони Олмон, рӯзи панҷшанбе бо ин маъмури собиқи амниятии Иёлоти муттаҳида мулоқот дошт. Ӯ гуфт, ки Эдвард Сноуден омодааст, дар ҳузури гурӯҳи таҳқиқотии порлумони Олмон дар ин кишвар, ё Русия гузориш диҳад. Аммо Эдвард Сноуден гуфтааст, аввал мехоҳад дар ҳузури кумитаи конгресси Амрико дар бораи “таҳаввулоти нохушоянд” ва “қонуншиканиҳои ҷиддӣ”, ки шудааст, сӯҳбат кунад. Эдвард Сноуденро дар ватанаш ба ҷосусӣ муттаҳам мекунанд. Ӯ чанде пеш ошкор кард, ки маъмурони амниятии Иёлоти Муттаҳида, сӯҳбатҳои телефони миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳонро сабт мекунанд. Ӯ дар Русия ҳаққи муваққатии паноҳандагӣ гирифтааст ва дар сурати тарки ин кишвар, аз ин ҳақ маҳрум мешавад.
XS
SM
MD
LG