Пайвандҳои дастрасӣ

Номзадҳо дар Хоруғ аз тангии вақт шикоят карданд


Мулоқот дар Хоруғ

Мулоқот дар Хоруғ

Номзади коммунистҳо дар мулоқот бо интихобкунандагон дар Хоруғ аз тангии фурсат барои таблиғи барномааш шикоят кард.

Исмоил Талбаков, номзади интихоботи президентии Тоҷикистон аз Ҳизби коммунист дар дидоре бо интихобкунандагон дар шаҳри Хоруғ гуфт, 20 рӯзе, ки Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) муқаррар кардааст, барои таблиғи барномаҳои пешазинтихоботӣ кам аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Талбаков, бино бар тангии вақт, номзадҳо ба дигар наҳоияҳои Бадахшон сафар карда натавонистанд ва танҳо дар маркази ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғ бо интихобкунандагон мулоқот карданд. Вай афзуд, ин ҳолат ба мушкилоти молиявӣ рабт надорад, зеро дар ҳар маҳалли кишвар дастархони пурнозу неъмат барояшон ороста буда, маблағи ҷудонамудаи КМИР барои ҳар номзад кофӣ буд: "Ман фикр мекунам, ки ҳамин 20 рӯзе, ки ҳаст, ҳақиқатан кам будаст, 40 рӯз мешуд, 30 рӯз мешуд, бароямон мерасид."

Аммо ҳарчанд дар маъракаи пешазинтихоботӣ одатан номзадҳо аз пайи интихобкунандагон мераванд, нақшаи мулоқоти КМИР боис шудааст, ки дар Бадахшон интихобкунандагонро пеши номзадҳо бурдаанд. Ба намояндагӣ аз интихобкунандони Ванҷ теъдоде аз сокинони ин ноҳия, ғолибан кормандони мақомот, барои мулоқот бо номзадҳо мошинсавор ба Дарвоз сафар карданд ва аз ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим ва Рушон барои мулоқот бо номзадҳо дар Хоруғ ҷамъ омаданд. Мулоқоти номзадҳо дар Хоруғ дар толори Донишгоҳи давлатии Хоруғ баргузор шуда, дар он номзадҳо Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист, Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Толиббек Бухориев аз ҳизби аграрӣ ширкат карданд. Аз номзади Ҳизби халқӣ-демократӣ, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор шахси боъэътимоди ӯ, профессори донишгоҳ Назрӣ Офаридаев намояндагӣ кард.

Номзадҳо Саъидҷафар Исмонов ва Абдуҳалим Ғаффоров, ба қавли як ширкаткунандагони мулоқот, бо сабабҳои номаълум аз ағбаи Хобу Рубот нагузаштанд ва ба Хоруғ наомаданд. Ин шахс аз номзадҳои пурсид, ки оё номзадҳои интихоботи президентӣ, ки аз мулоқот бо интихобкунандагони як вилояти мухтори кишвар қатъи назар мекунанд, ҳаққи маънавии ширкат дар сабқатро доранд?

Интихобкунандагон ба номзадҳо бо нобоварӣ менигаристанд.

Интихобкунандагон ба номзадҳо бо нобоварӣ менигаристанд.

Исмоил Талбаков дар посух ба ин савол гуфт, ки вай аз барномаи сафари ин номзадҳо ва сабаби наомадани онҳо ба Хоруғро намедонад, вале бино ба иттилояш ин номзадҳо айни ҳол дар ноҳияи Фархор ва Ҳамадонии вилояти Хатлон ба таблиғи номзадии худ машғуланд. Вай мулоқоти худ бо интихобкунандагон ва ҳузур надоштани дигаронро ба "тақдиру насиб" бастагӣ дод. Ин мулоқот дар ҳоле баргузор мешуд, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтааст, банди атеист будани аъзои ин ҳизбро бекор кардааст ва акнун коммунистон метавонанд ба Худо бовар дошта бошанд. Ҳамчунин номзади коммунистҳо дар ҳоле аз тангии фурсати муайяншуда барои таблиғи номзадии худ шикоят кард, ки бархе аз коршиносон мегӯянд, пас аз берун мондани номзади ягонаи ислоҳталабон, ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова, ҷаноби Талбаков шанси инро пайдо кардааст, ки бо номзади асосӣ, яъне Эмомалӣ Раҳмон дасту панҷа нарм кунад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ даъват мешавад, ки ба ҷойи бойкоти интихобот, онҳое, ки аз сиёсатҳои Раҳмон норозиянд, раъйи худро ба Талбаков диҳанд ва бо ин роҳ эътирози хешро баён доранд.

Вале муносибати интихобкунандагон ба номзадҳо дар Хоруғ эҳтиёткорона ва то ҷое нобоварона буд. Бо вуҷуди он ки мақомот таблиғи ҳамаҷониба ва фарогири номзади асосиро ба роҳ мондаанд, зимни рӯйдодҳои хунини соли гузашта дар Хоруғ эътибори воқеии ӯ низ дар байни мардум чандон баланд нест. Ҳамзамон интихобкунандагон ба номзадҳои дигар низ бо нобоварӣ менигаранд ва агар аз онҳо ҳимоят ҳам кунанд, ба пирӯзияшон дар интихобот эътимод надоранд. Аввали моҳи сентябр президент Раҳмон ба Хоруғ сафар дошт ва дар варзишгоҳи марказии шаҳр барои 15 000 нафар "оши оштӣ" ё "зиёфати президентӣ" дод ва чанд иншооти навро ифтитоҳ намуд. Ҳарчанд сафари ӯ корӣ хонда мешуд, нозирон онро як навъ таблиғоти интихоботӣ меноманд.

Дар ҳамин ҳол чанд масъули қитъаҳои раъйдиҳии ноҳияи Ишкошим дар ҳошияи ин мулоқот ба хабарнигори «Озодӣ» гуфтанд, ки интихоботи 6-уми ноябр аз лиҳози заъфи таъминоти моддӣ-техникӣ дар тӯли 22 соли охир бесобиқа будааст.Ба гуфтаи ин манобеъ, ҳатто барои коғазу қалам барои қитъаҳои раъйдиҳӣ маблағ ҷудо нашуда, барояшон аз маркази коғазу қалам оварданд, ки хеле арзону пастсифат будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG