Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар як пажӯҳиши бахши аҳолии СММ наздик ба 14 дарсади духтарони ноболиғи Тоҷикистон пеш аз вақт издивоҷ кардаанд.

Диана Исмаилова, масъули ин пажӯҳиш рӯзи 1-уми ноябр ба Радои Озодӣ гуфт, ин пажӯҳиш дар ҳамдастӣ бо мақомоти масъул, созмонҳои иҷтимоӣ, марказҳои бӯҳронӣ ва коршиносони соҳа анҷом дода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки се сол пеш Кодекси оила тағйир ёфта, синни издивоҷ ба ҷойи 17 18-солагӣ муқаррар шуд. Мақомот мегӯянд, ин тағйир теъдоди никоҳи зудро коҳиш дод ва бино бар омори расмӣ дар соли 2012 ҳамагӣ 89 никоҳи барвақтӣ ошкор карда шудааст.

Аммо пажуҳишгарон мегӯянд, дар амал теъдоди чунин издивоҷҳо хеле зиёд аст. Ба назари онҳо, духтароне, ки бармаҳал шавҳар мекунанд, саводи баланд надоранд ва маърифати ҳуқуқиашон низ дар сатҳи паст аст ва онҳо дар хонаводаи шавҳар дучори хушунат, аз ҷумла зӯроварии шаҳвонӣ мегарданд. Ба таъкиди онҳо, никоҳи бармаҳал духтаронро аз ҳаққи асосии онҳо - таҳсил маҳрум мекунад, ки барои зиндагии ояндаашон, пайдо кардани ҷойи кор ва таъмини зиндагии шоиста муҳим аст. Маҳрумият аз таҳсил метавонад ба тамоми рӯзгори минбаъдааш таъсири бад гузорад. Ин духтароне, ки ҳоло худашон кӯдак ҳастанд, наметавонанд модари хубе барои фарзандонашон бошанд ва онҳоро хуб тарбия кунанд.

Дар ҳамин замина як тадқиқоти дигареро Маркази худшиносии занони назди ҳукумати шаҳри Душанбе анҷом додаст, ки гуфта мешавад, 18 дарсади занҳое, ки ба ин марказ муроҷиат кардаанд, бармаҳал издивоҷ кардаанд ва имрӯз бо мушкилоти равониву иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дучор омадаанд. Пажӯҳишгарони марказ сабабҳои издивоҷи бармаҳалро иқтисодӣ (ба шавҳар додани духтар ба оила сабукӣ меорад), ҷанбаи суннатӣ (аз ҳама муҳим оила аст, агар шавҳар иҷозат диҳад, мехонам, ё кор мекунам) ва стереотипҳое, ки дар ҷомеа вуҷуд дорад (баъди 19-солагӣ пирдухтар мешавам) арзёбӣ мекунанд.

Таҳмина Давлатова, як масъули ин марказ мегӯяд, «бештари ин духтарон ғайри хоҳиши худашон издивоҷ кардаанд, ки ин пеш аз ҳама ҳуқуқҳои онҳоро поймол мекунад. Сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии худи духтарон ба ин сабаб мешавад. Волидони духтарон ҳам дар бораи оқибатҳои никоҳи барвақтӣ маълумоти хуб надоранд».

Аммо ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб, ҷисми занҳое, ки бармаҳал издивоҷ мекунанд, ҳам аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ барои наслофарӣ пурра омода нест ва ҳомила шудан барои саломатии ӯ хатар дорад ва зани ҳомила метавонад ба душвориҳои зиёд рӯбарӯ шаванд. Ба онҳо вайроншавии ҳолати психологӣ, ҳомилагии хатарнок, таваллуди пеш аз мӯҳлат ва безурриётӣ таҳдид мекунад.

Шамсиддин Қурбонов, сарвари маркази тиббии «Насл» мегӯяд, барои онҳо дар давраи ҳамлдорӣ хавфи гирифторӣ ба оризаҳои зиёде, мисоли хунравӣ, баландшавии фишори хун, варам кардани бадан ва ғайра зиёд аст. Вай гуфт, ки кӯдаконашон мефавтанд, худашон ҷараёни ҳамлдориро бад мегузаронанд ва баъзан худашон ҳам мефавтанд. Хавф дар миёни ҳам худашон ва ҳам кӯдаконашон зиёд будааст.

Шамсиддин Қурбонов мегӯяд, ин раванд ба генофонди миллат низ таъсири бад мерасонад, зеро ин модарони ҷавон наметавонанд фарзандони солим ба дунё оварданд.

Дафтари хазинаи аҳолии СММ тавсия медиҳад, ки беҳтар аст, ҳама кӯшишро ба харҷ дод, то духтарон аз донишҳои муосир бархурдор шаванд ва барои зиндагиашон пойдевори устуворе гузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG