Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Керрӣ эътироф кард, ки Амрико дар ҷусусӣ "дур" рафтааст


Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико эътироф кард, ки баъзе маълумоти барномаҳои назоратӣ “хеле дур аз маврид” будааст. Ҷон Керрӣ дар тавзеҳоти рӯзи панҷшанбеи худ аз ҷосусӣ барои мубориза бар зидди терроризм ҳимоят кард. Вай афзуд :”Мо бо ҷаҳони нав сару кор дорем, ҷаҳоне, ки дар он мардум мехоҳанд худро тарконанд”. Вале вай эътироф кард, ки худдорӣ зарур аст”.

Ҷон Керрӣ ишора кард, ки вай ва Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз хабарҳо дар бораи гӯш додан ба гуфтугӯҳои телефонӣ аз сӯи Ожонси Амнияти Миллии Амрико тааҷҷубзада шуданд. Ба гуфтаи Ҷон Керрӣ, ин як раванди автоматии кори таҷҳизот будааст, ки аз диди раҳбарияти Амрико берун мондааст. Вай гуфт, Обама тасмим гирифтааст, ки ин барномаҳо ҳамаҷониба бозбинӣ шаванд, то аз ҳар гуна қонуншиканӣ пешгирӣ ба амал ояд.
XS
SM
MD
LG