Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости наздикони Салим Шамсиддинов аз Термиз


Салим Шамсиддинов

Салим Шамсиддинов

Наздикони Салим Шамсиддинов-раиси пешини ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон мегӯянд, аз мақомоти интизомии Термиз хоҳиш кардаанд, ки ҷасади Шамсиддиновро ба хешовандонаш диҳанд. Аммо ниҳодҳои интизомии Термиз дар посух гуфтаанд, ки то замони мушаххас шудани натиҷаҳои ДНК, 10 рӯзи дигар сабр кунанд. Садриддин Шамсиддинов-бародари Салим Шамсиддинов рӯзи 1 ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз бо телефон бо намояндагони мақомоти Додситонӣ ва полиси Тирмиз дар мавриди ҷасади бародараш ва натиҷаи ташхиси ДНК ҳамсуҳбат шудааст. Садриддин Шамсиддинов мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ҷасаде, ки дар Термиз ёфт шуда ва ба хок супорида шудааст, бародари вай Салим Шамсиддинов аст. Салим Шамсиддинов-раиси Ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон 15-уми март дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз хона берун рафт ва дигар барнагашт. Садриддин Шамсиддинов қаблан дар суҳбат ба "Озодӣ" гуфта буд, ки дар моҳи майи соли 2012 низ Салим Шамсиддинов аз тарафи як гурӯҳи ношинос дар назди бинои Шӯъбаи амнияти миллии Қӯрғонтеппа шадидан латту куб шуда буд. Бо вуҷуди он, ки барои расидагӣ ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуд, то ҳол натиҷаи таҳқиқи ин эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG