Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гулнора аз раиси Хадамоти Амнияти Узбакистон интиқод кард


Сафҳаи twitter-и Гулнора Каримова

Сафҳаи twitter-и Гулнора Каримова

Гулнора Каримова-духтари раиси ҷумҳури худкомаи Узбакистон раиси Хадамоти Амнияти Миллии ин кишварро муттаҳам кардааст, ки мехоҳад раҳбарии кишварро ба даст гирад. Рӯзи панҷшанбе Гулнора дар сафҳаи Twitter-и худ навишт, Рустам Иноятов, ки яке аз шахсиятҳои бонуфузи Узбакистон ба шумор меравад, “муборизаи худро барои нишастан ба курсии раиси ҷумҳури оянда оғоз кардааст”.

Аммо Гулнора менависад, ки Иноятов аз “шӯҳрат”-и вай, яъне Гулнора бим дорад. Гулнора ҳамчунин аз расидагиҳо ба пардохти молиёт ё андоз аз ширкати матбуотии худ бо номи Terra Group сахт танқид кардааст.

Рӯзҳои охир фаъолияти чанд шабакаи телевизионӣ ва радиоии Гулнора Каримова боздошта шуд. Ҳисобҳои бонкии Terra Group низ боздошта шудааст.
XS
SM
MD
LG