Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Фаронса дархости раҳоии Кезерашвилиро рад кард


Додгоҳе дар шаҳри ҷанубии Экс-ан-Прованси Фаронса додхости Давид Кезерашвилӣ-вазири пешини дифои Гурҷистонро дар бораи раҳоии вай рад кард. Аммо додгоҳ дар бораи имкони истирдоди Кезерашвилӣ ба Гурҷистон тасмим нагирифтааст. Кезерашвилӣ, ки аз афроди доираи наздик ба Михаил Саакашвилӣ мебошад, моҳи гузашта дар фурудгоҳи Нишче боздошт шуда буд. Барои боздошти вай замонати байналмиллалӣ дода шуда буд.

Бозрасон дар Гурҷистон мегӯянд, ки Кезерашвилӣ дар гирифтани 12 миллион доллар ришва барои фароҳам овардани заминаи қочоқи алкогол дар Гурҷистон гунаҳгор дониста мешавад. Рӯзи душанбе додгоҳи Тифлис яке дигар аз аъзои ҳукумати Саакашвилӣ, яъне Бачо Ахалая-вазири дифои пешинро барои суистифода аз мақом тақрибан ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Чанд нафари дигар аз афроди наздики Саакашвилӣ барои гуноҳҳои гуногун мунтазири муҳокима ҳастанд.

Рӯзи яшанбе дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Гурҷистон Георгий Маргвелашвилӣ пируз шуд. Маргвелашвилӣ аз наздикони Бидзина Иванишвилӣ-нахуствазир ва рақиби Саакашвилӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG