Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СБП аз Украина хост, ки нархи газро боло барад


Сандуқи Байналмиллалии Пул аз Украина хостааст, ки нархи истифодаи газ барои аҳолиро боло барад ва бад-ин тариқ ба пули миллии худ, яъне ба ҳривна имкон диҳад, ки он озодона гардиш кунад. Николай Георгиев-раҳбари намояндагии Сандуқи Байналмиллалии Пул рӯзи панҷшанбе дар охири боздиди 12 рӯзаи худ аз Украина ин пешниҳодҳоро дар миён гузошт.

Ба гуфтаи вай, Украина ба ислоҳоти ҳамаҷониба ва муносиб ниёз дорад, то “суботи иқтисодро таъмин кунад ва ба пешрафт ноил шавад”. Дар изҳороте Георгиев бори дигар аз Украина хост, ки ширкати давлатии Нафтогази Украина дигар газро ба аҳолӣ камтар аз нархе, ки аз Русия мехарад, нафурӯшад.
XS
SM
MD
LG