Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҳавопаймоҳои Исроил ба пойгоҳи Сурия


Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймоҳои низомии Исроил дар дохили Сурия ба ҳадафҳое зарба задаанд. Бо вуҷуди ин Исроил ҳар гуна зарбаро рад кардааст. Гузооришҳо ҳокист, ки рӯзи панҷшанбе ҳавопаймоҳои Исроил ба пойгоҳи низомӣ дар наздикии шаҳри бандарии Латакия зарба задаанд.

Нируҳои мухолифони Сурия мегӯянд, ки дар ин пойгоҳ мушакҳои сохти Русия нигаҳдорӣ мешуд. Шабакаи телевизионии CNN аз қавли як мақоми Амрико, ки аз худ ном набурдааст, мегӯяд, Исроил бовар дошт, ки дастрасии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба ин мушакҳо аз имкон дур набуд.

Гурӯҳи Ҳуқуқи башари Сурия хабар дод, ки шоми рӯзи чаҳоршанбе дар наздикии пойгоҳи ҳавоии Латакия таркишҳо мушоҳида шудааст. Низомиёни Лубнон мегӯянд, ки 6 ҳавопаймои низомии Исроил аз ҳарими ҳавоии онҳо парвоз кардаанд.
XS
SM
MD
LG