Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ баҳси ҲНИТ-ро бо шабакаҳои телевизионӣ қатъ кард


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз болои қарори додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар мавриди бекор кардани даъвои ин ҳизб алайҳи шабакаҳои телевизиони давлатӣ, аризаи шикоятӣ пешниҳод кард.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои Ҳизби наҳзати исломӣ рӯзи 1-ум ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамин рӯз аризаи шикоятии ҲНИТ-ро дар хусуси қарори додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба ин додгоҳ пешниҳод кардааст, ки тавассути ин додгоҳ, суди шаҳри Душанбе онро баррасӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи вакили дифои ҲНИТ, «дар ариза мо норозигии ҳизбро дар мавриди қарори додгоҳ зикр карда хоҳиш кардем, ки додгоҳ аз масъулони шабакаҳои ТВ, наворҳои видеоиро, ки гуё мардум бо хоҳиши худ назари манфии худро дар нисбати ҳизби наҳзат баён доштаанду ва онро шабакаҳои ТВ пахш кардаанд, ба мо нишон диҳанд».

Зарафо Раҳмонӣ, узви раёсати ҲНИТ, ки дар ин баҳс ин ҳизбро намояндагӣ мекунад, гуфт, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон айнан барои харидани вақти эфир ба масъулони шабкаҳои ТВ муроҷиат кардааст, ки дар робита ба барномаҳои «антинаҳзатӣ» назари ҷавобияи худро пахш кунад, вале ҷавоби рад гирифтааст.

Вай меафзояд, ки ҳоло дар баҳси додгоҳӣ масъулони «Шабакаи аввал», "Ҷаҳоннамо" ва «Сафина» худро сафед кардани мешаванд, ки бо иқдоми тарафи онҳо ин гуна барномаҳо пахш нашудааст. Лекин чӣ гуна наворҳои шахсон ва мақомоти алоҳидаро якҷониба пахш мекунад, норавшан аст. Зарафо Раҳмонӣ афзуд, «мо мехоҳем, ки додгоҳ ҳамаҷониба ин масъалаҳоро фаро гирад, омӯзад, сипас қарори одилона содир кунад».

Ахиран додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳси Ҳизби наҳзати исломӣ бо шабакаҳои телевизиони давлатиро аз истеҳсолот хориҷ кард ва бо ҳамин, ба даъвои ҳизб дар баробари масъулони шабакаҳои телевизиони давлатӣ нуқта гузошта иддаҳои ҲНИТ-ро бекор кард.
XS
SM
MD
LG