Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби сотсиал-демократӣ интихоботро бойкот кард


Акс аз сомонаи расмии ҲСДТ.
Акс аз сомонаи расмии ҲСДТ.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ҷаласаи шӯрои сиёсии худ, ки рӯзи 31-уми октябр баргузор шуд, итихоботи қарибулвуқуъи президениро таҳрим (бойкот) эълон кардааст. Ин ҳизб дар қарори худ гуфтааст, «бинобар набудани иродаи сиёсӣ ин маъркаи муҳим бар хилофи сарқонун ва дар асоси тақаллуби муташаккил баргузор мегардад ва бар зидди манфиатҳои миллӣ ва демократия будани худро собит намуд.»

Ҳамчунин сабаби дигари таҳрими интихоботро дар ба қайд нагирифтани номзадии Ойниҳол Бобоназарова, маҳрум кардани зиёда аз якуним миллион муҳоҷирони корӣ аз ҷамъоварии имзоҳо ва «ғайриқонунӣ пешниҳод ва сабтином кардани номзадии Эмоалӣ Раҳмон» ва чанд қонуншиканиҳои дигарро дар раванди интихобот мисол оварда, баргузории интихоботи президентии рӯзи 6-уми ноябрро таҳрим кардаанд.
XS
SM
MD
LG