Пайвандҳои дастрасӣ

Азимов: "Ҳукумат манфиатдор аст, ки тоҷиконро аз Сурия баргардонад"


Амирқул Азимов, раиси кумитаи дифоъ ва амнияти парлумони Тоҷикистон.

Амирқул Азимов, раиси кумитаи дифоъ ва амнияти парлумони Тоҷикистон.

Раиси кумитаи дифоъ ва амнияти парлумони Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи бозгардонидани 190 шаҳрвандони кишварро, ки алайҳи режими Сурия меҷанганд, бо мақомоти амниятӣ дар миён хоҳад гузошт.

Амирқул Азимов, раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти Маҷлиси Намояндагон рӯзи 1-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти амнияти кишвар масъул ҳастанд, ки бо ҳар роҳе набошад 190 шаҳрвандро, ки гуфта мешавад дар Сурия меҷанганд, баргардонад.

Ҷаноби Азимов афзуд: «Ман аз тариқи расонаҳои хабарӣ дар бораи 190 нафар шаҳрвандони кишвар огоҳ шудаам, вале бевосита маълумоти мустақим аз Сурия ба мо нарасидааст, аммо воқеан ҳузури онҳо дар нооромиҳои Сурия боиси нигаронӣ аст».

Вай гуфт, ки ин масъаларо дар парлумон дар миён хоҳад гузошт ва мақомоти масъули амниятии кишвар манфиатдоранд, ки дар роҳи бозгардонии онҳо чораҷӯӣ кунанд: «Мо ҳамаи талошҳоро ба харҷ хоҳем дод, ки ин афрод ба Тоҷикистон баргардонида шаванд».

Муфтии аъзами Сурия ахиран гуфт, ки дар ҷабҳаҳои алайҳи раиси ин ҷумҳурӣ Башор Асад то 100 000 ҷангӣ аз 83 кишвари дунё, аз ҷумла 190 шаҳрванди Тоҷикистон меҷанганд. Ба гузориши хабаргузории русии "Интерфакс", дар ин бора Аҳмад Бадриддини Ҳассун, муфтии олии Сурия рӯзи 26-уми октябр дар як вохӯрӣ бо роҳбари Ҷамъияти фаластиниҳо православ дар Маскав хабар додааст.

Ба иттилои ин мақоми олии мазҳаби Сурия, дар ҷангҳои ин кишвари арабӣ аз тарафи мухолифони ҳукумати Башор Асад аз 5 то 8 ҳазор ҷангӣ аз Арабистони Саудӣ, 4 ҳазор аз Тунис, аз Ироқ 3 ҳазор, аз Чеченистон 1,7 ҳазор, аз Туркманистон 360 нафар, аз Украина 350 нафар, аз ИМА 290 нафар, аз Қазоқистон 250 нафар, аз Тоҷикистон 190 нафар, аз Канада 120 нафар, аз Озорбойҷон 100 нафар ва аз Гурҷистон 80 нафар дар сангарҳо бо мухолифон дар як ҷабҳа қарор доранд ва алайҳи режим меҷанганд.

Будани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сафи неруҳои шӯришгари зидди ҳукумати Асад дар Сурияро мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз моҳи майи соли равон эътироф карда буданд. Расонаҳо дар таърихи 28-уми май ба нақл аз Мансурҷон Умаров, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон навишта буданд, ки тибқи маълумоти ин ниҳод, дар ҷангҳои Сурия се тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шудаанд. Умаров гуфта буд, барои мақомоти амнияти Тоҷикистон шумора ва масири ҷалби ҷавонони тоҷик ба сафи шӯришиёни Сурия маълум нест, аммо дақиқ аст, ин ҷавонон аз тариқи кишварҳои севвум ба низои Сурия кашонда мешаванд.

Низои Сурия аз санаи 26-уми январи соли 2011 дар пайи мавҷи эътирозҳо дар кишварҳои Ховари Миёна бо номи «баҳори араб» оғоз шудааст. Дар ин рӯз як гурӯҳ эътирозгарон умдатан аз шумори бодиянишинон бо барпо кардани гирдиҳаомӣ дар Димишқ аз давлати Башор Асад талаби иҷоза додани чорвочаронӣ дар чарогоҳҳоеро кардан, ки ҳукумат онҳоро ба мамнуъгоҳ табдил дода буд. Ин эътирозҳо чандон идома накард, аммо 15-уми марти ҳамон сол ҷавонон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Димишқ гирдиҳамоӣ ороста талаби ислоҳот ва хотима додан ба фасодкориро карданд.

Ҳамин гуна ин эътирозҳо ба хун печид ва ҳамакнун ин кишвар майдони ҳарбу зарби кишварҳои абарқудрат ва бозиҳои геополитикӣ бадал шудааст. Ҳарчанд кишварҳое мисли Тоҷикистон дар Сурия ҳеҷ манфиати геополитикӣ надоранд, вале ҷалби ҷавони тоҷик ба ин низоъ ба амнияти кишвар хатар эҷод мекунад. Чунки пас аз ширкат дар муноқишаҳои хунуни Сурия ва баргаштан ба ватан ба гумон аст, ки онҳо ҳаёти осоиштаро дар пеш гиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG